Тавсияи Абдурозиқ барои муолиҷаи коронавирус: "дар ду рӯз гум мешавад" - видео

Абдурозиқ, сарояндаи навраси тоҷик ва акнун машҳури шабакаи ҷаҳонии Интернет гуфт, чӣ гуна метавон дар ду рӯз аз коронавирус халос шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 мар – Sputnik. Абдурозиқ низ дар баробари корбарони фаъоли шабакаҳои интернетӣ тавсияҳои худро барои рафъи коронавирус ироа кард.

Ӯ дар саҳифааш дар Instagram дуо мекунад, ки  "Худоё ҳамин ваборо аз мо дур кун. Ҳар як намозе, ки мехонӣ дуо кун, дар ду рӯз се рӯз гум мешавад, ҳамон коронавирус аст чӣ аст", - мегӯяд Абдурозиқ.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, мардум ба ҷои харидории барзиёд бояд чӣ кор кунанд

Ӯ ҳамчунин тавсия медиҳад, ки барои пирӯз шудан бар "вируси тоҷдор" бояд тайваста намоз хонд ва худро эҳтиёт кард. Абдурозиқ бовар дорад, танҳо бо ин роҳ метавон аз коронавирус раҳооӣ ёфт.

"Вируси тоҷдор"

Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт коронавирус дар кишвар ба қайд гирифта нашудааст. Вазорат бо таассуф аз ҳангомапароканӣ атрофи ин беморӣ дар кишвар интиқод кард.

Роҳ ба бозор: чӣ гуна коронавирус аз орд то пойафзору таксиро гарон кард

"Аз бозорҳо барзиёд харидорӣ намудани маҳсулоти хӯрока ва ба ташвишу таҳлука овардани дигарон кори ғайримантиқӣ буда, дар пешгирии коронавирус умуман манфиат надорад ва баръакс ин омил издиҳом ба вуҷуд оварда, боиси паҳншавии дигар бемориҳои сироятӣ мегардад", - навиштааст ин ниҳод.

Вазорат таъкид мекунад, ки то ҳол шаҳрвандоне, ки аз 6 кишвар- Ҷумҳурии Мардумии Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Италия, Афғонистон, Эрон ва Ҷопон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд, ба карантин фаро гирифта хоҳанд шуд.

Вазорати тандурустӣ аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки ба овозаҳои бардурӯғ ва дасисаву иғво фирефта нашаванд, зиндагии муқаррарии худро идома дода, танҳо ба тозагиву гигиенаи шахсӣ диққати ҷиддӣ диҳанд.

Авохири моҳи декабр мақомоти Чин аз бурузи маризии илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Вуҳан хабар доданд.

Сипас муайян шуд, ки барангезандаи ин маризӣ коронавирус - 2019-nCoV мебошад. Нахустин мубталоёни ин вируси навро дар шаҳри Вуҳани Чин пайдо карданд. 

Вирус зуд берун аз шаҳр ва кишвар паҳн гардид.

Феълан гирифторони короноврус дар Фаронса, Италия, Олмон, ИМА, Австралия, Вьетнам, Гонконг, Ҳиндустон, Малайзия, Макао, Непал, Канада, Сингапур, Таиланд, Тайван, Ҷопон, Филиппин, Финляндия, Куреи Ҷанубӣ ва Украина ба қайд гирифта шудаанд.