Карантини шаҳрванди Тоҷикистон ҳамроҳ бо 99 мусофир: аз Сеул ба Қазоқистон омаданд

Миёни сад мусофире, ки аз шаҳри Сеул самти Қазоқистон парвоз мекарданд, як шаҳрванди Тоҷикистон низ қарор дошт. Ҳамаи мусофирони ин хатсайрро пас аз дар фурудгоҳ нишастан ба карантин фиристоданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Мусофирони ҳавопаймои қазоқистонӣ, ки самти Сеул - Алмато парвоз доштанд ба карантин фаро гирифта шуданд, хабар медиҳад Sputnik Казахстан.

Бо таассуф: изҳороти расмии Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар мавриди коронавирус

Миёни сад мусофири ин хатсайр, як шаҳрванди Тоҷикистон низ қарор дошт. Ҳамзамон чандин шаҳрвандони Русия, Украина, Ӯзбекистон ва Кореяи Ҷанубӣ савори ин ҳавопаймо буданд.

Ба иттилои манбаъ, феълан ҳамаи мусофирон дар муассисаи махсуси нигаҳдорӣ зери назорати табибон қарор доранд.

Ёдовар мешавем, ки бурузи ин маризӣ нахуст моҳи декабри соли гузашта дар шаҳри Ухани Чин зуҳур кард ва дар муддати кутоҳ ба чандин давлатҳои дигар доман зад.

Салом бо пой ва оринҷи даст: коронавирус тарзи дурусти салом карданро иваз намуд - видео

Алъон, маризии сироятии коронавирус дар 76 давлати қора сабт гардидаст.

Аз лиҳози теъдоди сироятёфтагон Чину Эрон ва Италия дар мақоми аввал қарор доранд.

Зимнан, Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон низ зимни як муроҷиатномаи шахсӣ аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ талаб намуд, ки аз сафар ба 5 давлат, аз қабили Чин, Корея, Эрон, Италия ва Афғонистон худдорӣ кунанд.