Баҳодур Усмонов дар даври аввали мусобиқаи интихобии олимпӣ дар Урдун пирӯз шуд

Муштзани маъруфи кишвар Баҳодур Усмонов аввалин ҳарбашро дар мусобиқаи интихобии олимпии Осиё/Уқёнус, ки дар шаҳри Аммони шоҳигарии Урдун ҷараён дорад, бо ғалаба анҷом дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 марта – Sputnik. Баҳодур Усмонов, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар варзишгари Непал Санил Шаҳӣ бо ҳисоби 5:0 ғолиб омад ва ба даври чорякфинал роҳ ёфт.

Баҳодур Усмонов бо медали тилло ба Ватан бармегардад

Ба хабари Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар чорякфинал 9-уми март Баҳодур бо варзишгари кишвари мизбон Обада Алкасба вориди набар мешавад.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта Баҳодур дар финали ҚаҳрамонииОсиё,  Алкасбаро мағлуб карда буд.    

Пирузии муштзани тоҷик Шаббос Негматуллоев ва Баҳодур Усмонов дар Чемпионати ҷаҳон

Ин аввалин пирӯзии варзишгарони Тоҷикистон дар Аммон мебошад. Ду рӯзи аввали мусобиқа 5 варзишгари мо - Мирзомуҳаммад Бахтиёр дар вазни 75кг, Шуҳрат Сабзалиев дар вазни 52кг, Шералӣ Мамадалиев дар вазни 69кг, Миҷгона Самадова дар вазни 57кг, Шоира Зулқайнарова дар вазни 60кг дар даври аввал аз ҳарифонашон шикаст хурданд.

Имрӯз, ҳамчунин дар вазни -81кг Шаббос Негматуллоев дар даври дуюм бо Файзуллоҳ Аюбӣ аз Афғонистон рақобат мекунад.