Дунёи ниқобпӯшон: роҳҳои пешгирӣ аз коронавирус дар кишварҳои гуногун - акс

Sputnik

Ба иттилои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, феълан маризии сироятии коронавирус ба 29 кишвари қора доман задаст. Аз ин маризӣ ҳудуди 3000 дардманд ҷон бохтаанд, ки шумораи бештари қурбониён ба Чин рост меояд.

Манъи намози ҷумъа ба хотири коронавирус

Зимнан, барои нахустин бор падидаҳои ин маризӣ дар Белорус ва Литва низ мушоҳида шудаст. Вазъият дар Италия ва Кореяи Ҷанубӣ бошад бисёр нигаронкунанда аст.

Раҳбарони аксар давлатҳо барои роҳ наёфтани каронавирус ба кишварашон аз ҳар роҳу тадобирҳо кор мегиранд. Ба фарзи мисол, чанд кишвар марзашонро бо давлатҳое, ки шаҳрвандонашон мубталои маризӣ ҳастанд, муваққатан бастанд.

Дар Эрон шумори фавтидагон аз “коронавирус” ба 26 нафар расид

Дар Арабистони Саудӣ аз вуруди зоирин барои адои Ҳаҷҷи Умра ва зиёрати хонаи Пайғамбар ҷилавгирӣ карда шуд. Ҳукумати Эрон бошад, баргузории намози ҷумъаро ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус манъ намудааст.

Дар Тоҷикистон хушбахтона то ҳол бурузи ин маризӣ сабт нагардидааст ва мақомдорони тоҷик ба хотири пешгирӣ аз беморӣ парвози ҳавопаймо самти Эронро мутаваққиф намуданд ва ҳамзамон шаҳрвандон ва меҳмононе, ки аз Чину Эрон ва чанд кишвари дигар ворид мешаванд, зуд ба карантин фаро мегиранд.

1 / 14
Сокинони Эрон дар кӯчаҳо танҳо бо ниқоби тиббӣ гашту гузор мекунанд. Нахустин падидаи ин маризӣ дар Эрон рӯзи 19 - уми феврал пайдо шуд ва феълан 29 нафар дардмандони ин беморӣ дар Эрон фавтиданд
2 / 14
Кормандони Хадамоти санитарӣ ба хотири пешгирӣ аз коронавирус дохил ва беруни мақбарае дар шаҳри Қумро дору мезананд
3 / 14
Ҳамзамон дохили нақлиёти ҷамъиятӣ дар Эрон низ дорузанӣ мешавад
4 / 14
Сокинон ба хотири мубтало нашудан бо маризии коронавирус бо ниқоби тиббӣ ба ҷойҳои ҷамъиятӣ мебароянд
5 / 14
Ҳукумати Покистон ҳам ба хотири роҳ надодан ба вуруд шудани маризии коронавирус аз ҳаргуна чораҳои пешгиркунанда истифода мекунанд. Сокиноне, ки аз давлатҳои ҳамсоя ворид мешаванд, дар гузаргоҳҳои марзӣ, нахуст таби онҳо санҷида мешавад
6 / 14
Дар ҷазираи Тенериф, корманди чойхонаи Ла Калета гирдогирди чойхона ва ҳатто мизу курсии барои нишастро покиза мешӯяд
7 / 14
Сокинон аз тарси мубтало шудан, ҳатто аснои аз тиреза ба берун нигоҳ кардан, ниқоб мепӯшонанд
8 / 14
Вазъият дар Милан низ нигаронкунанда аст
9 / 14
Соҳибони қаҳвахона барои дилпурии одамон эълонеро дар дари даромад овезон намуда, дархост карданд, ки мштариён метавонанд роҳат озими қаҳвахона шаванд ва хӯроку қаҳва нӯшанд
10 / 14
Сокинони Милан низ дар кӯчаҳо шаҳр бо ниқоби тиббӣ мегарданд
11 / 14
Зани ниқобпӯш дар кӯчаҳои Милан
12 / 14
Тадобирҳои профилактикӣ алайҳи паҳншавии коронавирус дар Сеул
13 / 14
Дар шаҳри Тэгу, кормандони тиб мошинҳоро нигоҳ дошта, таби ронанда ва мусофирони онро месанҷанд
14 / 14
Дар Пхенян низ нақлиёти ҷамъияти пайваста дорузанӣ мешавад