Президент баъди бозгашт аз Чин ба карантин фиристода шуд

Раисҷумҳури Муғулистон Халтмаагийн Баттулга бо ҳайати расмияш баъди бозгашт аз Чин ба карантин фиристода шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 феврал - Sputnik. Халтмаагийн Баттулга раисҷумҳури Муғулистон барои 14 рӯз ба карантин фиристода шуд. Бар хабари расонаҳои ин кишвар, Баттулга шаби 27 - уми феврал бо як ҳайати расмӣ аз Чин вориди кишвар шуд.

Президент баъди бозгашт аз Чин ба карантин фиристода шуд

Кишвардорро ҳамроҳ бо Вазири умури хориҷӣ ва роҳбари Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода дар беморхонаи ноҳияи Баянзурх хобонданд.

Дар Эрон шумори фавтидагон аз “коронавирус” ба 26 нафар расид

Ҳамакнун роҳбари давлати Муғулистон ва ду мақомдори баландпоя ба муддати 14 рӯз дар карантин хоҳанд монд.

Дунёи ниқобпӯшон: роҳҳои пешгирӣ аз коронавирус дар кишварҳои гуногун - акс

Зикр мегардад, ки дар Пекин раисҷумҳури Муғулистон ба ҳамтои худ Си Ҷинпин 30 000 гӯсфанд хайр кардааст.

Бар тибқи маълумоти ахир, шумораи дардмандони маризии коронавирус ба 85 ҳазор нафар расидааст. Ҳамзамон бар асари ин маризӣ наздики 3 000 нафар ҷон бохтанд.

Алъон, маризии сироятии коронавирус дар 29 кишвари қора доман паҳн намудаст.