Скорик гуфт, чаро Абхазистон шаҳрвандони Тоҷикистонро ба қаламраваш роҳ намедиҳад

Людмила Скорик, Сардухтури санитарии тибби Абхазистон шарҳ дод, ки чаро кишвараш шаҳрвандони Тоҷикистонро ба қаламраваш роҳ намедиҳад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Скорик дар суҳбат ба бахши русии Sputnik Тоҷикистон гуфтааст, чунин тасмим барои ҳамаи шаҳрвандони ғайри Абхазистон гирифта шудааст. Ба гуфти ӯ чунин тасмим акнун барои шаҳрвандони ҳамаи кишварҳо ҷорӣ мешавад.

Даҳшати коронавирус: Абхазистон дарашро ба рӯйи тоҷикистониҳо баст

Номбурда гуфтааст, сар аз 25 феврал ба ғайр аз Чин кишварҳое аз қабили Италия, Эрон ва Корея, ки дар онҳо ҳолатҳои марговари бемории короновирус ба қайд гирифта шуда буд, Абхазистон низ дар ин росто мувофиқи қоидаҳои байналмилалии тандурустӣ,  барои ворид нагаштани ин беморӣ ба қаламраваш чораҳои зарурӣ андешид.

Ӯ ҳамчунин илова кардааст, ки тасмим дар бораи қабули ашхосе, ки дар созмонҳои байналмилалии башардӯстона кор мекунанд, аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати тандурустӣ қабул карда мешавад.

Абхазистон вуруди шаҳрвандони Тоҷикистонро ба қаламрави кишвараш маҳдуд кард

 Ёдовар мешавем, маҳдудсозии вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистон ба Абхазистон сар аз 4 феврал чорӣ шуда буд. Ба гуфти Скорик ин тадобир нисбат ба дигар шаҳрвандони кишварҳо низ дахл хоҳад кард.

Қаблан, иҷрокунандаи вазифаи роҳбари ҷумҳурии Абхазистон Валерий Бганба дар мулоқот бо Алексей Двинянин, сафири Русия гуфта буд, ки кишвараш бо далели зуҳури коронавирус ба 50 шаҳрванди Тоҷикистон, Қирғизистон, Куриёи Шимолӣ ва Узбакистон иҷозаи вуруд надодааст.