ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Ин мусобиқа дар шаҳри Белеки Туркия баргузор шуд ва бо пирӯзии як бар сифр ба поён расид.
Голи пирӯзиро Искандар Ҷалилов, мудофеи ин тим ба самар расонд.
Пештар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки 21 феврал бозиҳои даври аввали марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи кишвар баргузор мегардид.
Ба иттилои манбаъ, бозингари тими артиш Шервонӣ Мабатшоев дар дақиқаи 16 ҳисобро кушод. Баъд аз 16 дақиқа Илҳом Баротов ҳисобро баробар кард. Голи ғалабаоварро Шодибек Ғаффоров дар дақиқаҳои иловагии нимаи аввали бозӣ зад.
Дар бозии дигари гурӯҳ тими “Равшан” дастаи “Локомотив-Помир”-ро бо ҳисоби 1:0 мағлуб сохт. Голи ягонаро Далер Чолов дар дақиқаи 7-ум ба ҳадаф расонд, навиштааст сомонаи Кумитаи миллии олимпӣ.
Ҳабиб Нурмуҳаммадов бо кӯдаки бепой футбол бозид - видео
Дар гурӯҳи “Б” “Хатлон” ба дарвозаи “Куктош” 4 голи беҷавоб зад. Нуриддин Ҳамроқулов 2 гол, Сорбон Авғонов, Эҳсон Бобоев якголӣ ба номашон сабт намуданд. Бозӣ миёни дастаҳои “Душанбе-83” – “Эсхата” бо пирӯзии футболбозони Душанбе (2:1) анҷом ёфт. Бозингари “Душанбе” Элчибек Рашидбеков дар дақиқаи 11 ҳисобро боз кард, ҳамдастааш Парвиз Ҳомидов пас аз 6 дақиқа ҳисобро афзуд. Голи “Эсхата”-ро Мубинҷон Муъминов дар дақиқаи 71 зад.
Гуфта мешавад, бозии охирини дӯстонаи "Истиқлол" дар марҳилаи омодагиҳояш дар Анталияи Туркия бо тими "Сулутск"-и Белорусия доир мегардад.
Ёдовар мешавем, ахиран раҳбарияти бошгоҳи “Истиқлол” Виталий Левченко, собиқ муҳофизагари яккачини Тоҷикистонро сармурабии даста таъйин намуд.