Баъди шикаст: зӯрозмоии ҷавобии “Хуҷанд” бо тими Қирғизистон дар Душанбе

Тими “Хуҷанд”-и Тоҷикистон, ки ахиран дар меҳмонӣ аз тими “Нафтчӣ”-и Қирғизистон шикаст хӯрда буд, имрӯз ҷавобан дар майдони худ бо футболбозони қирғиз зӯрозмоӣ мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Оғози бозии ҷавобии “Хуҷанд” бо “Нафтчӣ” имрӯз соати 16:00 дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе дар назар аст. Сабқати мазкур дар доираи даври муқаддамотии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё - 2020 баргузор мегардад.

Ҷоми КФО: пахши мустақими бозии футболи тими "Нафтчӣ"-и Қирғизистон ва "Хуҷанд"-и Хуҷанд

Дастаи “Хуҷанд”, барандаи медали нуқраи қаҳрамонии Тоҷикистон дар дидори нахустинаш дар доираи плей-оффи Ҷоми  Конфедератсияи футболи Осиё-2020 дар меҳмонӣ аз “Нафтчӣ”-и Қирғизистон бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд. Голи ягонаи бозиро Александр Игнатенко ба ҳадаф расонд.

Дар пайи ду бозие, ки миёни ин дастаҳо доир мегардад, ғолибаш ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2020 роҳ ёфта, дар гурӯҳи "D" бо дастаҳои мунтахаби "Истиқлол"-и Тоҷикистон, "Олтин Асир"-и Туркманистон  ва "Дордой"-и  Қирғизистон рақобат мекунад.

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, ахиран хабар дод, ки аз ҳисоби буҷа 2,5 миллион сомонӣ ҷудо гардида, ба Никола Лазаревич, мураббии тозатаъйини даста гуфт, аз вохӯриҳои интихобии Ҷоми Конфедератсия футболи Осиё мухлисон аз дастаи Хуҷанд дастовардҳои хубро интизоранд.