ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Чор шаҳрванди Тоҷикистон бар асари садамаи мудҳиш дар яке аз вилоятҳои Қазоқистон ба ҳалокат расиданд.
Ба иттилои котиботи департаменти пулиси Қазоқистон, ҳодисаи мазкур дар шоҳроҳи Қарабутак - Костанай дар ноҳияи Айкаи вилояти Актюбе рух додааст.
Бархӯрди пурқурбонии мошинҳои ҳомили 9 нафар дар Файзобод
"Ба маълумоти қаблӣ, автомашинаи Honda ба хати муқобили роҳ баромада, бо мошини боркаши Volvo таҳти идораи ронандаи 52-сола, сокини ин вилоят бархӯрдаст. Дар натиҷа ронандаи худрав ва чор мусофири ӯ, ки ҳамагӣ шаҳрвандони Тоҷикистон буданд, ба ҳалокат расиданд", - омадааст дар хабар.
Қаблан хабар дода шуд, ки бар асари бархӯрди мошини сабукрав бо автомашинаи борбар дар Қазоқистон дасти кам се нафар ба ҳалокат расида буд.