Мирзиёев ба хонуми Трамп бистари 4200 - доллара тӯҳфа кард

Раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар баробари кишвардорони дунё ба Доналд Трам президенти Амрико ва ҳамсари ӯ Мелани Трамп тӯҳфа ба арзиши беш аз 8 ҳазор доллар ҳадя намудаст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Муайян гардид, ки кишвардорони як қатор давлатҳо ба раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп ва ҳамсари ӯ Мелани Трамп чӣ  ҳадя намуданд.

Тӯҳфаи пурарзиши Мирзиёев ба роҳбари Чеченистон-видео

Дар миёни тӯҳфаҳои раисҷумҳурон, армуғони амири Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад оли Сонӣ аз ҳама гаронарзиш будааст, менависад New York Times.

Ба гузориши ин нашрия, тӯҳфаи ҳадянамудаи Шайхи Қатар ба Доналд Трамп ва ҳамсари ӯ 23,5 ҳазор доллар арзиш доштаст. 

Дар байни тӯҳфадиҳандаҳо ба президенти Амрико номи Шавкат Мирзиёев раисҷумҳури Ӯзбекистон низ ҳаст. Тибқи маълумотҳо, Мирзиёев ба сарвари Амрико Доналд Трамп нусхаи нуқрагини комплекси Регистонро ба маблағи 2950 доллар ҳадя намудаст.

Путин ба Попи Рум фитаи филми "Гуноҳ"-ро ҳадя кард

Ҳамчунин, Мирзиёев ба ҳамсари Трамп низ ба қимати 4200 доллар болопӯш барои бистар тӯҳфа кардааст.

Дар қатори раисҷумҳурон, кишвардори Русия Владимир Путин низ дар канор намонда, тангаҳои нуқрагинро ба арзиши 1,5 ҳазор доллар ба ҳамтои амрикоии худ ҳадя ирсол доштаст.

Эммануел Макрон президенти Фаронса бошад ба Доналд Трамп ҷузвдон барои голф ба арзиши 8,2 ҳазор доллар ҳадя намудаст.