ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Вируси корона ё ба истилоҳ тоҷдор то рафт ҳудудашро дар хориҷ аз Чин васеъ мекунад, мегӯяд мудири Пажӯҳишгоҳи тиббии ба номи Е.И. Мартсиновский Александр Лукашев.
Вай эҳтимол мекунад, ки имконияти вуруди вирус аз Тоҷикистон ё Ӯзбекистон ба Русия калон аст. Зеро, ба гуфтаи вай, дар кишварҳои Осиёи Марказӣ низоми назоратӣ номукаммал аст ва баръакс раванди муҳоҷират афзоиш меёбад.
Пештар гузориш дода шуд, ки Тоҷикистон зарурати бастани марзҳо ба рӯи шаҳрвандони Чинро намебинад. Мақомот мегӯянд, иқтисоди кишвар ба мутахассини чинӣ эҳтиёҷ дорад.
Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ ва раиси Ситоди ҷилавгирӣ аз “вируси тоҷдор” дар Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар машвара бо вазоратҳои иқтисоду нақлиёт ва саноат ба ин натиҷа расидаанд, ки иқтисоди кишвар ба мутахассини чинӣ эҳтиёҷ дорад, аз ин хотир, манъи вуруди шаҳрвандони Чин ба кишвар маслиҳат нест.
Чин нафароне, ки гирифтории худ ба коронавирусро пинҳон медоранд, эъдом мекунад
Тибқи иттилои вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, аз 1 то 19 феврали соли равон 1066 чинӣ аз вориди хоки Тоҷикистон шуда, дар беморхонаҳои сироятӣ бистарӣ таҳти қарантин қарор гирифтанд ва аз ин шумора 577 нафар мураххас гардида, бақия ҳамоно таҳти назорати духтуронанд.