Набарди Қодиров бо Емеляненко: Рамазон гуфта буд ӯро дар даври 5 - ум "нокаут" мекунад

Раисҷумҳури Чеченистон Рамазон Қодиров моҳи декабри соли гузашта Александр Емеляненкоро ба майдони набард даъват кард. Емеляненко даъвати Қодировро пазируфт ва қувваозмоии онҳо баргузор шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Рамазон Қодиров раисҷумҳури Чеченистон бо размикори муҳорибаҳои омехта Александр Емеляненко спарринг баргузор намуд. Аксҳои қувваозмоии худ бо Қодировро варзишгар дар сафҳаи худ дар  Instagram ҷой додааст.

Зери аксҳои интишоркарда, Емеляненко навиштааст, ки Рамазон ба ҳарфҳои гуфтаи худ ҷавоб дод ва дастпӯш пӯшонда вориди октагон шуд.

"Худо раҳмат кунад": ҳамдардии Рамазон Қодиров бо Шавкат Мирзиёев

Рамазон Қодиров ҳанӯз моҳи декабри соли 2019 дар сафҳаи  худ дар Instagram Алекандр Емеляненкоро ба майдони набард хонд.

Қодиров ба пайравандаҳои сафҳаи худ дархост намудаст, то интихоб кунанд, ки муҳорибаи онҳо аз рӯи кадом намуди варзиш, бокс ё муҳорибаи омехта,  доир шавад.

Рамазон Қодиров бо як назар блогерро нокаут кард - видео

Зимнан, Емеляненко даъвати Қодировро пазируфт ва интихоби рақобатро ба ӯ вогузор кард. Қодиров дар ҷавоб гуфт, Емеляненкоро дар даври панҷум нокаут хоҳад кард.

Даъвати роҳбари Чеченистон барои набард бо Емеляненко пас аз ғалабаи ӯ бо Михаил Кокляев сурат гирифт.