“Dusseldorf Grand Slam 2020”: Тоҷикистон бидуни медол монд

Варзишгарони тоҷик дар  мусобиқоти “Dusseldorf Grand Slam 2020”, ки аз 21 то 23-юми феврал дар Порис баргузор шуд, ноком шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур 11 варзишгар намояндагӣ мекард, аммо бо иллати ҷароҳат бардоштани Хуршед Маҷидов 10 нафар баромад карданд.

Аз Порис ба Олмон: иштироки 11 дзюдочии тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии дзюдо

Нишондодҳои беҳтари варзишгарони кишвар дар ин мусобиқот аз Шакармамад Мирмамадов ва Комроншоҳи Устопириён буд.

Шакармамад Мирмамадов, дар вазни беш аз 100 дар ду даври рақобатҳо Мариа Иванлеаро аз Ҷазираҳои Кюрасао ва Ушанги Кокаури озариро шикаст дода, даври сеюм аз Гурам Тушишвилии гурҷӣ шикаст хӯрд.

Комроншоҳи Устопириён бошад дар даври аввал Клен Кристофер Калюлайдрои эстониро шикст дода,  дар даври дуюм аз Маркус Неймани шведӣ шикаст хӯрд.

Паҳлавонони  дигари кишвар, Беҳрӯзи Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков, Ҳақназар Назаров, Акмал Муродов, Сиротулло Икромов, Саидҷалол Саидов дар даври аввали рақобатҳои худ мағлуб гаштанд.

Дар мусобиқоти имсолаи “Dusseldorf Grand Slam 2020” 659 варзишгар, (392 мард ва 267 зан) аз 115 кишвар иштирок карданд.

Рақибони Комроншоҳу Беҳрӯзу Сомон... дар мусобиқаи “Düsseldorf Grand Slam-2020” муайян шуд

Дар ҳисоби умумидастаӣ бо дарназардошти теъдоди медалҳо дар мусобиқаи мардону занон дастаи мунтахаби Япония бо касби 10 медал (8 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ) дар ҷойи аввал қарор гирифт. Дастаи   мунтахаби Гурҷистон бо касби 4 медал (2 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ) ҷойи дуюм ва дастаи  мунтахаби Ӯзбекистон бо касби 2 медали тилло ҷойи сеюмро аз они худ карданд.

Дар мусобиқоти мазкур бо ҳисоби умумӣ, тими Япония бо касби 10 медал  (8 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ), тими Гурҷистон бо ду медоли тилло як нуқра ва як биринҷӣ ҷойи дуюмро гирифт. Ҷойи сеюмро бо ду медоли тилло тими Ӯзбекистон соҳиб гашт.