Ду зарба бо корд ба шикам: парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 110 нисбати Алиев

Ӯ, ки пештар низ суд шуда будааст, ин дафъа даст ба кордкашӣ задааст. Нисбати Алиев парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ВУД тафтишотро идома медиҳад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ҳодисаи кордкашӣ дар ноҳияи Зафаробод гузориш медиҳад. Бино бар иттилои манбаъ, гумонбар бар ин ҷиноят мардест, ки пештар суд шуда буд.

Кордкашӣ дар саристгоҳи нақлиётии шаҳри Панҷакент
"Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 35-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҳ.Алиеви ноҳияи Зафаробод, ки пеш бо моддаи 216 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд", - менависад манбаъ.

Ҳодиса шаби 18 феврал рух додааст. Гуфта мешавад, ӯ тахминан соати 23:30-дақиқа, дар ҳудуди деҳаи Гулистон бо марди 28-солаи сокини ҷамоати деҳоти Равшани ҳамин ноҳия вохӯрда, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо корд 2-маротиба ба шикамаш задааст.

Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Кордкашӣ дар Султонобод бо боздошnи марди 31-сола анҷомид

Моддаи 110-и Кодекси ҷиноӣ - қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ аз 5 то 8 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.