"Коронавирус" мусобиқаи интихобии олимпиро аз Чин ба Бишкек интиқол дод

Мусобиқаи интихобии олимпӣ мебоист дар шаҳри Сиани Чин баргузор мешуд. Вале ба хотири авҷи маризии сироятии "коронавирус" макони онро аз Чин ба Бишкек интиқол доданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди ҷаҳонии гуштин (United World Wrestling) шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистонро ба ҳайси мизбони мусобиқаи интихобии олимпӣ тасдиқ кард. Мусобиқа 27-29 март баргузор мешавад.

Мусобиқа тибқи қарори қаблӣ бояд дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин сурат мегирифт, вале бо сабаби авҷи "вируси тоҷдор" дар Чин ва берун аз он барҳам дода шуд.

"Иваз кардани ҷои баргузории мусобиқа дар муҳлати хеле кутоҳ дуруст нест, вале барои мо саломатии варзишгарон муҳимтар аст. Мо бояд барои иштироки ҳамаи варзишгарон имконият фароҳам оварем", - иброз намудааст президенти United World Wrestling Ненад Лалович.

Гуштингирони Чин, ки имкони иштирок дар мусобиқаи интихобии олимпиро доранд, ба Сербия сафарбар гардидаанд ва он ҷо аз ташхиси тиббӣ мегузаранд, ҳамчунин ба мусобиқа омодагӣ мебинанд.

Се кишвари ҳамсоя ба хотири “коронавирус” марзҳояшонро ба рӯи Эрон бастанд

Дар мусобиқа варзишгароне, ки аллакай роҳхати Бозиҳои олимпиро доранд, иштирок карда наметавонанд. Дар ҳар категорияи вазнӣ ду роҳхат дода мешавад.

Чаро мардон бештар қурбони коронавирус мешаванд?

Ҳамчунин, варзишгарон дар мусобиқаи интихобии олимпии ҷаҳонӣ, ки аз 30 апрел то 3 май дар Софияи Булғористон доир мегардад, барои ба даст овардани роҳхати Бозиҳои олимпии Токио-2020 талош мекунанд. Дар ин мусобиқа низ дар ҳар вазн ду роҳхат дода мешавад.