Сарҳадро бо Чин бандед: сокинони шаҳри Зайсони Қазоқистон даст ба эътироз заданд - навор

Сокинони шаҳри Зайсони Қазоқистон пас аз дастрас намудани иттилоъ дар мавриди ҷо додани як автобус мусофирони дардманди Чин дар беморхонаҳои шаҳрӣ даст ба эътироз заданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Сокинони шаҳри Зайсони Қазоқистон аз он бим доштанд, ки дар бемористонҳои шаҳрӣ дардмандони маризии сироятии коронавирусро ҷой медиҳанд.

Коронавирус: беш аз 1000 коргари чинӣ дар Тоҷикистон бистарианд

Аз ин рӯ, онҳо барои изҳори нигаронии худ ба кӯчаҳои шаҳр рехтанд ва аз мақомдорон талаб намуданд, ки сарҳади Қазоқистонро ба рӯи шаҳрвандони Чин бубанданд.

Ду эронӣ, ки бо чиниҳо тамос надоштанд, аз коронавирус фавтиданд

Нигаронии  онҳо пас аз он авҷ гирифт, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ иттилоъ дар мавриди интиқол ёфтани мусофирони дардманди "вируси тоҷдор"- и ҳомили як автобус ба Қазоқистон пайдо шуд. Гуфта мешуд, шаҳрвандони бемори Чинро бояд дар бемористони шаҳри Зайсон ҷой медиҳанд ва онҳоро ба мавриди табобат қарор медиҳанд.

Зимнан, ҳокими Вилояти шарқи Қазоқистон Даниал Ахметов барои ботил кардани ин иттилоъ ва ором кардани сокинон, ба наздашон баромад.

Даниал Ахметов ҳокими ин вилоят изҳор дошт, ки ин хабар асос надорад ва маркази нигаҳдории муваққатиро танҳо барои ба карантин фаро гирифтани худи шаҳрвандони Қазоқистон кушоданд.

"Шаҳрвандоне, ки аз Ҷумҳурии Чин  вориди кишвар мешаванд, барои 14 рӯз дар ин марказ нигаҳдорӣ мешаванд ва дар сурати айён шудани ягон нишонаҳои ин маризӣ, беморро фавран ба шӯъбаи сироятӣ интиқол медиҳандмебошанд, ва дар бемористонҳои шаҳри Зайсон мавриди муолиҷа қарор мегиранд", - афзудаст Ахметов. 

Феълан, миёни шаҳрвандони Қазоқистон мавориди гирифторӣ ба маризии сироятии "вируси тоҷдор" сабт нагардидаст. 

Танҳо дар Эрон аз ҳалокати ду нафар бар асари гирифторӣ ба маризии коронавирус гузориш дода шуд.