ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Маросими дӯстдоштаи духтарон дар арӯсӣ - ҳаво додани гулдаста тарафи дугонаҳо, ба фикри сенатор Сайфуллоев хилофи урфу одоти миллист.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва фарҳанги Маҷлиси Олии Ӯзбекистон ба рӯзноманигорон гуфт, чаро то ҳол мардум аз тӯйҳои пурхароҷот даст намекашанд, хабар медиҳад Sputnik Ӯзбекистон.
"Маросимҳои муд мисоли "Love story", кортежҳои люкс, ҳаво додани гулдаста - ҳамаи ин оқибати фарҳанги оммавӣ аст. Ин аз қуҷо маншаъ мегирад? Мо анъанаҳо ва рамсу русуми худро дорем", - изҳор дошт Бахтиёр Сайфуллоев.
Ба гуфти ӯ, сарфи назар аз гуфтушунидоҳои пай дар пайи мақомот бо мардум, бархе аз сокинон то ҳол мошинҳои зиёд фармоиш медиҳанд ва тӯйро бо дабдаба баргузор мекунанд.
Дар бораи ин ҳама сенатор аз шабакаҳои иҷтимоӣ хабар ёфтааст. Ҳамин тавр, ба гуфти ӯ ҳамаи он чорабиниҳое, ки то ин дам мақомот мегузаронад, таъсире надорад.
Либоси арӯсӣ бо арзиши 40 млн рубл: сармоягузорӣ ё роҳи ҷалби таваҷҷӯҳи ВАО
Сайфуллоев ҳамчунин иттилоъ додааст, ки Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи Ӯзбекистон дар ин мавзӯъ беш аз 580 мизи мудаввар ва дидору вохӯриҳо баргузор кардааст.