Соҳибкор ва экстрасенси маъруф дар Суғд осоишгоҳ месозад-акс

Турсуной Зокирова, соҳибкори шинохта ва экстрасенси маъруф дар қаламрави ИДМ дар зодгоҳаш шаҳри Гулистон осоишгоҳ барои 250 нафар месозад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар осоишгоҳи Зокирова шинос шудааст, хабар дод котиботи ҳукумати Суғд.

Зан агар оташ намешуд: шаш бонуе, ки номашон фаротар аз Тоҷикистон рафтааст

Аҳмадзода таъкид намудааст, ки корҳои сохтмонӣ бар асоси меъёрҳои байналмилалӣ анҷом дода шаванд. Ӯ афзудааст, ки  шаҳри Гулистон минтақаи сайёҳӣ буда, дар тӯли солҳои охир ба як макони дӯстдошта ва истироҳатии сокинони дохилу хориҷи мамлакат табдил ёфтааст.

Турсуной Зокирова, соҳибкори шинохта дар баробари соҳибкорӣ ва корҳои хайраш бо қобилияти фавқулоддаи экстрасенсорияш дар қаламрави ИДМ маъруф буда, ғолиби барномаи машҳури "Битва экстрасенсов-4" мебошад. Ӯ қаблан дар Қайроқум як бинои 5-ошёнаро сохт ва аз он 10 хонаро ба ниёзмандон ройгон тақдим кард.

Соҳибкор ва экстрасенси маъруф дар Суғд осоишгоҳ месозад-акс

Дар сомонаи махсуси Турсуной Зокирова дар шабакаи интернет гуфта шудааст, ки ӯ қобилияти фавқулодаи худро баъди фавти модараш кашф кардааст. Турсуной Зокирова соли 1956 дар шаҳри Хуҷанд дар як оилаи серфарзанд чашм ба дунё кушода, соҳиби 3 фарзанд мебошад.

Хайри экстрасенси маъруф дар ҳузури президент

"Баъди таваллуди фарзанди сеюм табибон мегӯянд, ӯ мубталои саратони сина шудааст, вале Зокирова пешниҳоди ҷарроҳиро рад карда, баъди 14 соли мубориза бар ин беморӣ ғолиб шудааст. Пойҳои Зокирова низ баъди марги модараш дар соли 1993 аз кор мондаанд ва бо мушкилӣ роҳ мегаштааст. Гарчанде тамоми бадани Зокирова дард мекардааст, табибон даъвое наёфтаанд ва ниҳоят ӯ мустақилона ба табобати худу дигарон оғоз кардаааст",- навиштааст сомонаи Зокирова.

Солҳои охир дар Тоҷикистон ӯ ба соҳибкорӣ машғул буда, барои корҳои хайраш гоҳо дар сархати хабарҳо қарор мегирад.