Таблиғи либоси миллии занонаи тоҷикӣ дар Фаронса

Сафири фавқулодаи Фаронса дар Тоҷикистон Ясмин Гуедар дар мулоқот бо ректори Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн изҳор доштаст, ки бонувони фаронсавӣ ба либоси занонаи мардумии тоҷик ҳавасманд ҳастанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Дар Фаронса ҳамакнун либосҳои занонаи миллии тоҷикӣ таблиғ ва ташвиқ мешаванд. Ба чунин хулоса сафири Фаронса дар Тоҷикистон Ясмин Гуедар ва ректори Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн Ҷамшед Ғанизода расиданд.

Сафири Фаронса дар мулоқот бо вазири фарҳанг аз таваҷҷӯҳ ба шашмақом ва синамои тоҷик гуфт

Ба иттилои котиботи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ҷонибҳо зимни мулоқот пешниҳод намуданд, ки номгӯи либосҳои занонаи миллии тоҷикӣ ташвиқ гардида, ба ин восита бонувони Фаронса ба либоси занонаи тоҷикон дастрасӣ пайдо намоянд.

Ясмин Гуедар бо боварӣ иброз намудааст, ки аз ҷониби бонувони Фаронса либоси занонаи мардуми тоҷик хуб истиқбол гирифта мешавад.

Орумбекзода дар Форуми Париж аз сиёсати пешгирифтаи Раҳмон ҳарф зад

Зимнан, сафири Фаронса ва ректори донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн, масъалаҳои ҳамкорӣ байни ин донишкада ва донишкадаҳои санъати тасвирӣ ва дизайни Фаронса, ҳамчунин мубодилаи донишҷӯёни ду давлат муҳокима намуданд.

Сафири Фаронса аз робитаҳои дуҷониба ва ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Франсия изҳори қаноатмандӣ намуд.