Ба Президент пешниҳод карданд, ки бузургтарин масҷидро "Хуросон" ном ниҳанд

Қарор аст, ин масҷид, ки бузургтарин макони ибодии мусалмонон дар Осиёи Марказӣ аст, 12 марти соли 2020 ифтитоҳ шавад
Sputnik

 ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Ба раисҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод шуда, ки "Хуросон"-ро номи бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ дар Душанбе интихоб кунад. Дар ин бора хабаргузории "Парс тудэй" дар истнод ба расонаҳои маҳаллии Тоҷикистон гузориш медиҳад.

Бузургтарин масҷид дар ОМ моҳи март ифтитоҳ мешавад

Ба гузориши манбаъ, коргурӯҳи омодасозии масҷид ин пешниҳодро ба раисҷумҳури Тоҷикистон додааст.

Аъзои коргурӯҳ муташаккил аз намояндагони сохторҳои ҳукуматӣ, динӣ ва илмии Тоҷикистон ҳастанд.

Қарор аст, ин масҷид, ки бузургтарин макони ибодии мусалмонон дар Осиёи Марказӣ аст, 12 марти соли 2020 бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ва Шайх Тамим бин Ҳамд оли Сонӣ, амири Қатар ифтитоҳ шавад.

"Агарчи коргурӯҳ номи "Хуросон"-ро барои ин масҷид ба Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карда, аммо тасмими ниҳоӣ барои интихоби ном бар уҳдаи раисҷумҳури Тоҷикистон аст", - менависад манбаъ.

 

Масҷиди мазкур, мебоист моҳи октябри соли гузашта ифтитоҳ шавад, аммо бо сабаби наомадани амири Қатар мавқуф гузошта шуд.

Масҷиди бузурги ҷомеи Душанбе интизор меравад яке аз бузургтарин масҷидҳои кишвару минтақа бошад, ки ҳудуди 100 ҳазор нафарро дар як вақт ҷой медиҳад.

Намози Амири Қатар дар Душанбе: Масҷиди бузурги пойтахт кай ифтитоҳ мешавад?

Масҷиди бузурги ҷомеи шаҳри Душанбе дар майдони 12 гектар замин ҷойгир шуда, аз биною мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон барои мулоқоту гуфтушунидҳо иборат мебошад. Масоҳати зери бинои масҷид бошад, 3 гектарро ташкил дода, санги асоси онро Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 2009 дар рӯзҳои таҷлили 1310 - солагии Имоми Аъзам ва Соли бузургдошти асосгузор ва пешвои мазҳаби ҳанафӣ гузошта буд.

Ба иттилои котиботи раисиҷумҳур, Масҷиди бузург бо назардошти унсурҳои бостонию муосири санъати меъмории мардуми тоҷик ва ҷаҳонӣ бунёд гардида, аз 4 манораи баландиаш 75-метрӣ ва гумбази 47-метрӣ иборат хоҳад буд.