Дар Тоҷикистон лижаронҳои беҳтаринро муайян карданд

Дар мусобиқа 68 варзишкор дар ҳайати 6 даста аз рӯи равияҳои слалом ва гигант миёни ҳам рақобат намуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Рӯзҳои 15-16 феврал дар мавзеъи лижаронии "Сафед – Дара" мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба лижаронии кӯҳӣ байни наврасону ҷавонон (духтарон, писарон) доир гардид.

Бино ба гузориши Кумитаи олимпии Тоҷикистон, дар мусобиқа 68 варзишгар дар ҳайати 6 даста аз рӯи равияҳои слалом ва гигант миёни ҳам рақобат намудаанд.

Сомонпаҳлавон рақиби навбатияшро низ мағлуб кард ва ба даври чорум роҳ ёфт

Ғолибон бо медал ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиш қадрдонӣ шудаанд:

Ҳамин тавр аз рӯи равияи слалом миёни писарони соли таваллудашон 2003-2004: Алиҷони Бобосанг ҷои аввал, Наҷмиддини Рабӣ ҷои дуюм ва Насридинов Аъзам мақоми сеюмро соҳиб шудаанд.

Дар намуди слалом миёни духтарони соли таваллудашон 2005-2007 мақоми аввал насиби Раҳмияи Илҳомиддин, ҷои дуюм аз Азизмоҳи Нуралӣ ва ҷои сеюм аз Ҳомидаи Аъзамхуҷа шуд.

Аз рӯи равияи слалом миёни духтарони соли таваллудашон 2008-2010: Назарова Ҳафиза мақоми аввал, Мардонзода Муродбегим мақоми дуюм ва Шарифзода Шукрона ҷои сеюмро соҳиб шуд.

Дар риштаи слалом миёни писарони соли таваллудашон 2005-2006: Аминҷони Абдушукур якум, Муроди Зарофиддин дуюм ва Оминов Саидамин сеюм шуд.

Дар равияи слалом миёни писарони соли таваллудашон 2007-2010: Маҳмадшарифзода Ёқубҷон ҷои аввал, Носиров Довуд ҷои дуюм ва Алишери Фатҳулло мақоми сеюмро соҳиб шуд.

Аз рӯи слалом миёни писарони соли таваллудашон 2001-2002: Эшонов Саидшараф якум, Анушервони Хуршед дуюм ва Додхудои Садриддин сеюм шуд.

Лижаронҳои куҳии навраси Тоҷикистон ба Корея рафтанд

Дар риштаи слалом миёни писарони соли таваллудашон 1998-2000 Сайфиддин Низомиддин ҷои аввал, Соҳибзода Қудратулло мақоми дуюм ва Нозиров Меҳрдод мақоми сеюмро соҳиб шуд.

Дар риштаи гигант слалом миёни писарони соли таваллудашон 2003-2004: Миршарифи Абдусалом ҷои аввал, Комрони Файзалӣ ҷои дуюм ва Ҳабибзода Ориф мақоми сеюмро гирифт.

Аз рӯи риштаи гигант слалом миёни писарони соли таваллудашон 2005-2006: Шаҳбози Алиакбар якум, Носири Саидалӣ дуюм ва Саидаҳтами Имом сеюм шуд.

Дар риштаи гигант слалом миёни писарони соли таваллудашон 2007-2010: Алишери Фатҳулло мақоми аввал, Икромиддини Илҳомиддин ҷои дуюм ва Қудратзода Манучеҳр мақоми сеюмро соҳиб шуданд.

Аз рӯи риштаи гигант слалом миёни писарони соли таваллудашон 2001-2002: Рофеъхони Абдураҳим якум, Эшонов Саидашраф дуюм ва Додхудои Садриддин сеюм шуд.

Дар намуди гигант слалом миёни писарони соли таваллудашон 1998-2000: Сайфиддини Низомиддин ҷои аввал, Нозиров Меҳрдод мақоми дуюм ва Исмоилов Сунатулло мақоми сеюмро соҳиб шуд.

Аз рӯи намуди гигант слалом миёни духтарони соли таваллудашон 2005-2007: Азизмоҳи Нуралӣ мақоми якум, Зумрати Абдураҳим ҷои дуюм, Қурбонзода Оиша мақоми сеюмро аз худ кард.

Дар риштаи гигант слалом миёни духтарони соли таваллудашон 2008-2010: Мардонзода Муродбегим якум, Назарова Ҳафоа дуюм ва Қурбонзода Оиша сеюм шуд.