Абдуқаюм Воҳидов: имтиёзҳои нави андозбандӣ ба рушди иқтисоди кишвар такони ҷиддӣ мебахшад

Низомҳои имтиёзноки андозбандӣ дар Тоҷикистон нисбат ба Узбекистон 7 адад, Қирғизистон 4 адад, Қазоқистон 8 адад ва Озорбойҷон 9 адад зиёдтар будааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Масъулини Раёсати андоз дар вилояти Суғд мегуянд, солҳои 2018-2019 шурӯъи давраи имтиёзӣ, барои соҳибкорон ба ҳисоб рафта ва ҳоло бо ҷорӣ намудани теъдоди манбаъҳои имтиёзноки андозбандӣ, кишвари Тоҷикистон дар миёни ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дар ҷои намоён қарор дорад.

Абдуқаюм Воҳидов, сардори Раёсати андоз дар Суғд зимни нишасти матбуотӣ гуфт, аз он лиҳоз солҳои 2018 – 2019, барои соҳибкорон оғози давраи имтиёзӣ маҳсуб мешавад, ки дар ин солҳо манбаъҳои имтиёзноки андозбандӣ бештар шудааст.

Нақшаи андоз чаро иҷро нашуд? Шарҳи раиси Кумитаи андоз

Сардори Раёсати андоз афзуд, чунин имтиёзҳои андозбандӣ аз ҷумла ба соҳаҳои моҳипарварӣ, паррандапарварӣ тадбиқ гардида, инчунин барои соҳибкороне, ки ба истеҳсоли омехтаи хуроки паррандаю чорво фаъолияткунанда ба мӯҳлати 6 - сол аз пардохти андози низоми соддакардашуда, аз андози арзиши иловашуда, аз андози истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, аз андози объектҳои ғайриманқул ва аз андози истифодаи замин озод карда шудаанд.

“Ҳоло боз барои истеҳсоли ашёи хом дар ҷумҳурӣ имтиёзҳои андозӣ ҷорӣ кардаанд. Ин омилҳои барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар кишвар такони ҷиддӣ мебахшад”, - таъкид намуд Воҳидов.

Сардори Раёсати андоз зикр кард, ки дар ин солҳо ҳамчунин барои воридоти гандум низоми андозбандӣ аз 18 дарсад ба 10 дарсад кам карда шудааст. Ба гуфтаи Абдуқаюм Воҳидов ин ҳама мисолҳои зиёд шудани имтиёзҳои андозбандӣ, дар умум шумораи низомҳои махсуси соддакардашуда ба ҳисоб рафта ва барои дасгирии соҳибкории хурду миёна равона шудааст.

“Ҳоло низомҳои имтиёзноки андозбандӣ дар Тоҷикистон нисбат ба Узбекистон 7 адад, Қирғизистон 4 адад, Қазоқистон 8 адад ва Озорбойҷон 9 адад зиёдтар аст”, - гуфт Воҳидов.

 Сардори Раёсати андоз дар вилояти Суғд, ҳамчунин чанд навъи андозбандӣ дар кишвари Узбекистонро мисол овард, ки назар ба Тоҷикистон бештар будааст.

Ду моҳ муҳлат: огоҳӣ ба се сардори нозироти андоз дар Суғд

Бино ба гуфи Абдуқаюм Воҳидов, меъёри аксиз барои хизматрасони алоқаи барқӣ дар кишвари Узбекистон 15 дарсад буда, он дар кишвари Тоҷикистон 5 дарсад будааст.

Меъёри аксиз барои маҳсулоти заргарӣ дар Узбекистон назар ба Тоҷикистон 20 дарсад гарон будааст. Ё меъёри андози арзиши иловашуда дар Узбекистон 20 дарсад ва дар Тоҷикистон ҳамагӣ ба 18 дарсад баробар будааст.

Сардори Раёсати андоз гуфт, дар Узбекистон соҳибкорон барои маъмурикунанонии андоз аз фоида дар як сол 4 маротиба ҳисобот пешниҳод мекунанд, чизе ки дар Тоҷикистон 1 маротиба пешниҳод карда мешавад.

 Абдуқаюм Воҳидов афзуд, ҳоло ин ва боз пешниҳодҳои дигар барои таҳрири нави Кодекси андоз дар кишвар равона шудаанд ва қарор аст ин санади асосии танзимкунандаи соҳаи андоз дар кишвар бо чунин имтиёзҳои фарқкунанда сар аз аввали моҳи январи соли ҷорӣ амал хоҳад кард.