Ҳабси зани узбекистонӣ, ки писарашро дар назди метрои Маскав партофт

Ҷузъиёти дигари партофтани кӯдак дар назди метрои Маскав ошкор шуд: зане, ки аз кӯдакаш даст кашидааст, шаҳрванди Ӯзбекистон будааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Зане, ки кӯдакашро дар назди истгоҳи метрои "Парк победы", партофта буд, ҳабс карданд, хабар медиҳад шабакаи "360".

Шаҳрванди Узбекистон то 12 апрел дар ҳабс хоҳад монд, ӯро мувофиқи моддаи "Дар ҳолати хатарнок гузоштан" гунаҳкор донистаанд.

Мақомот: як модар дар Душанбе худ ва се кӯдакашро ба канал партофт

Зани 29 солаи узбекистонӣ хонадор набуда ва дар ҷое ҳам кор намекардааст.

Бино ба гуфти мақомот ин зан ният доштааст аз бори худро "сабук" кунад ва ба ин ният кӯдакашро дар назди истгоҳи метро гузоштааст.

"Аз ноумедӣ ин корро кардам"

Вале қиссаи худи зан - Каримова Муходҷон дигар аст. Ӯ мегӯяд ба хотири наҷот додани фарзандаш ба ин кор даст задааст, чун ӯро на дар таваллудхона ва на дар хонаи кӯдакон қабул накардаанд.

Ин зан нақл мекунад, ки ба далели ноомади кор чунин кардааст. 

Зан барои дарёфти қути лоямут ба Русия омадааст вале дар ҷое кор наёфтааст. Рӯзе ҷавонеро вохӯрдаву бо ҳам дил бастаанд. 

Дар ҳамин ҳол, замоне, ки зан бордор шудааст, ошиқаш аз ӯ рӯй гардонидааст. Зан замони ҳомиладорӣ кор кардааст, вале ҳазинааш танҳо барои иҷора ва буду бош сарф шудааст.

Дар хулосаи кор зан аз ноумедӣ фарзандашро партофтааст.