Кам дастгир шудаанд: Салимзода дар бораи боздошти тоҷикистониён дар хориҷа

Генерал Шерхон Салимзода, раиси Ожонси назорати маводи нашъаовари назди раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, тоҷикистониён дар хориҷа кам дастгир шудаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Салимзода дар нишасти хабарӣ гуфт, аз ҷумла дар Русия дар соли 2019 боздошти тоҷикистониён 24 дарсад коҳиш ёфтааст.

Ба гуфти генерал, дастгиршавии шаҳрвадони Тоҷикистон дар соли 2017-33 фоиз ва соли 2018 -10 фоиз, аз ҷумла дар Русия мутаносибан ба 31 ва 11 дарсад кам шудааст.

Экстази аврупоӣ дар Тоҷикистон: Генерал гуфт, кӣ, аз куҷо, чӣ хел меораду чанд мефурӯшад?

"Ин раванд дар сои 2019 низ идома ёфта, аз рӯи маълумотҳои пешакӣ коҳишёбӣ 23 фоизро ташкил медиҳад, аз ҷумла дар Русия 24 дарсад кам шудааст", - гуфт Салимзода.

Ҳамин тавр, дар панҷ соли охир дастгиршавии шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷа 2,5 маротиба (750-241) ва ҳаҷми мусодираи маводи нашъаовар аз шаҳрвандон дар хориҷи кишвар 3 мароотиба (1299-205) кам шудааст.

Тибқи итттилои расмии Ожонси назорати маводи нашъаовари назди раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар се соли охир (2017-2019) дар давлатҳои хориҷӣ ягон ҳолати кочоқи маводи мухаддир тавассути нақлиёти автомобилӣ, ҳавоӣ ва роҳи оҳани Тоҷикистон ошкор нашудааст, ба истиснои як ҳолат дар Қазоқистон (аз автомошина 12 кило ҳероин). 

Салимзода гуфт, солҳои пешин, яъне 5-6 сол қабл ҳамасола дар ҳудуди Русия, Қазоқистон ва дигар давлатҳо 10-15 чунин ҳолатҳо ба миқдори махсусан калон (100 кило ва зиёд) ошкор мешуданд. Аксарияти маводи мухаддир, ки ба таври қочоқ ба Тоҷикистон ворид мегарданд, дар хати сарҳад ё дар минтақаҳои наздисарҳадӣ мусодира мегарданд. 

Соли 2019 дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ аз муомилоти ғайриқонунӣ 1 т 637 кило маводи мухаддир мусодира гардидааст, ки аз онҳо 781 кило ё 48 фоиз дар минтақаҳои наздисарҳадӣ мусодира гардидаанд.

"Мо ба воридшавии маводи нашъадор ба дохили Тоҷикистон ва минбаъд аз Тоҷикистон ба дигар кишварҳо садди устувор гузоштаем", - гуфт Шерхон Салимзода.