ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Исматуллозода Ширин Исматулло зодаи ноҳияи Ҳисор буда, аз сентябри соли 2015 то имрӯз, дар вазифаи директори Коллечи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садридин Айнӣ кор кардааст.
Ба иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон Исматуллозода Ширин 14 марти соли 1970 дар ноҳияи Ҳисор ба дунё омадааст. Миллат тоҷик, таҳсилот олӣ.
Соли 1992 Университети давлатии Тоҷикистон (рӯзона), соли 2011 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро (ғоибона) хатм кардааст. Ихтисосаш забоншинос ва ҳуқуқшинос мебошад.
Доктори илми филологӣ буда, забонҳои русӣ ва англисиро медонад. Исматуллозода Ширин оиладор аст.
Собиқаи корӣ
Солҳои 1987-1992 донишҷӯи факултети филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин.
Солҳои 1992-1994 коромӯзи кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филологияи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон.
Солҳои 1994-1997 Аспиранти Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон.
Солҳои 1997-2000 Ассистенти кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филологияи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон.
Солҳои 2000-2006 Муаллимаи калони кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филология, Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон.
Солҳои 2006-2009 Муовини декани факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Солҳои 2009 -2012 Сардори Раёсати илм ва навоварии техникии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Солҳои 2012 -2014 Директори Муассисаи нашриявии "Маориф ва фарҳанг"-и Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Солҳои 2014-2015 Муовини ректор оид ба корҳои таълими Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода.
Аз снтябри соли 2015 то имрӯз мудири Коллечи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ мебошад.