Вазири молия аз таъсиси бонки нави давлатӣ гуфт: намехоҳем гаронӣ сари Амонатбонк бошад

Вазири молияи Тоҷикистон мегӯяд, бонки нави давлатӣ бештар барои дастгирии соҳибкоронӣ истеҳсолӣ хизмат хоҳад кард
Sputnik

 ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Қаҳҳорзода Файзиддин, вазири молияи Тоҷикистон мегӯяд, дар кишвар як бонки давлатии дигар таъсиси меёбад.

Нигаронии Раҳмон аз муфлисшавии бонкҳо ва супориши қатъӣ ба Вазорати молия

Вазири молияи Тоҷикистон ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотии ниҳоди зертобеяш изҳор дошта, гуфт, дар хусуси таъсиси бонки нави давлатӣ дастури президент буд ва вазорат низ дар ин самт кор кардаистодааст.

Қаҳҳорзода гуфт, дар кишвар ҳоло як бонки давлатӣ Амонатбонк аст ва вобаста ба вазъ намехоҳанд гаронӣ танҳо сари як бонк бошад.

Ба гуфти ӯ бонки мазкур имкониятро бештар барои соҳибкорони истеҳсолӣ медиҳад ва лоиҳаҳои истеҳсолиро зиёд дастгирӣ мекунад.

"Дар пайи ташкили ин бонк соҳибкороне, ки ба истеҳсолот машғул мегарданд дастгирии амиқ меёбанд. Дар муддати се сол дар доираи 12 фоиз бо пули миллӣ қарз дода мешавад",- афзуд Қаҳҳорзода

Номбурда гуфт, ҳоло корбарӣ дар самти таъсиси бонк буда, дигар ҷузъиётҳо, ки дар ин раванд ба миён мебиёяд бо Бонки миллӣ корбарӣ хоҳанд кард.