Қаҳҳорзода: НБО Роғунро фақат бо пули буҷет сохтан ғайри имкон аст, қарз мегирем

Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ вазири молияи Тоҷикистон таъкид дошт, ки НБО Роғун як иншооти бузургест, ки сохтмони он танҳо бо пули буҷет ғайри имкон аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Бино бар иттилои Қаҳҳорзода Файзиддин, вазири молияи Тоҷикистон ҳамасола барои сохтмони Роғун аз буҷети кишвар беш аз 2,1 миллиард сомонӣ ҷудо карда мешавад.

"Роғун" 1 миллиард қарздор аст: суҳбати ошкорои директори нерӯгоҳ дар бораи хусусигардонӣ

Вай таъкид кард, ки ин маблағҳо дар давоми сол бо дархости ҶСК “Роғун” ба суратҳисоби онҳо пардохт карда мешавад.  

Вай ҳамчунин зикр кард, ки вазорати молия барои ҷалби сармояи иловагӣ барои сохтмони НБО Роғун бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ кор карда истодааст.  

“Мо ҳоло бо чанд ташкилоти байналмилалӣ ҳамкорӣ дорем. Он шартҳое, ки онҳо пешниҳод кардаанд, мо онҳоро омӯхта ва баррасӣ дорем. Мо ҳамон шартҳоеро қобили қабул медонем, ки ба манфиати Тоҷикистон бошад. Мо бо дар назардошти қарзи берунаи кишвар, қарз хоҳем гирифт. Ин иншооти бузрг танҳо бо маблағҳои буҷетӣ сохта шуда наметавонад”,  - таъкид дошт Қаҳҳорзода.

Вай афзуд, ки қарзи берунаи Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир наздик ба 36 дарсади ММД Тоҷикистон расидааст.  

“Бидуни қарз намешавад, тамоми дунё қарз мегирад”, гуфт ӯ.

Вай ҳамчунин қайд кард, ки Тоҷикистон аз маблағҳои ҷалб намуда бо роҳи фурӯши вомбаргҳои давлатӣ (евробонд) истифода намудааст. Маблағҳои мазкур дар соли 2019 дар сохтмони “Роғун” масраф шудааст.

Вай гуфт, вазорати молия ҳоло барои ҷалби сармоя иловагӣ кор бурда истодаааст ва ҳоло сухан дар бораи барориши вомбаргҳои давлатӣ (евробонд) матраҳ нест.