Бароед аз ин ҷо: Ҳоҷибибӣ Юлдуз Усмонова зани кӯдакдорро аз толори консерт ронд

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе, ки дар он ҷо примадоннаи Узбакистон Юлдуз Усмонова зани кӯдакдорро аз толори консерт берун мекунад, роҳ ёфт ва баҳси гармеро низ ба миён овард. Кӯдак, ки беист гиря мекард, Юлдуз ӯ ва модарашро аз толор берун кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Сарояндаи машҳури Узбакистон ва акнун ҳоҷибибӣ Юлдуз Усмонова аз толори консерт як зани кӯдакдорро берун кардаст. Ҳодисаи мазкур дар маросими муаррифии албоми нави духтари Юлдуз, Нилуфар Усмонова рух додааст.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Юлдуз Усманова выгнала женщину с ребенком

Публикация от upluz (@upl_uz)

Аз навор чунин бармеояд, ки Юлдуз аснои суханронии худ даме сукут мекунад ва бо ишора ба зане, ки кӯдакаш беист гиря дорад, бо лаҳни андак дағал мегӯяд, ки толори консертро тарк кунад.
"Кӯдакатонро гирифта бароед аз ин ҷо, бароед....кайҳо боз асаби ман ба расидааст. Бароед", - талаб намудааст Ҳоҷибибӣ. 

Юлдуз Усмонова як таронаашро бо тарҷумаи тоҷикӣ ба духтараш тақдим кард

Пас аз чунин шеваи дархости Юлдуз аз зани тамошобин, як қисме аз ҷамъомадагон каф кӯбиданд ва қисмати дигаре бо тамасхур хандиданд. Аммо, пас аз роҳ ёфтани ин навор ба шабакаҳои иҷтимоӣ, он боиси норизогии корбарон гардид. Аксари корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ рафтори сарояндаи узбакро зишту дағал арзёбӣ намуданд. 

Вале сафи нафароне, ки рафтори Юлдуз писанди онҳо гардида буд, низ кам нестанд. Зимнан миёни коштаҳои корбарон, чанд нафар навиштаанд, ки кӯдаки гирён набераи Юлдуз будааст.