ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Имрӯз, 12 феврал таҳти раёсати раиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи бистуми Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор шуд.
Дар он раисҷумҳур аз мушкилии соҳибкорону сармоягузорон дар Тоҷикистон гуфтааст. Ба гуфатаи Эмомалӣ Раҳмон, соҳибкорон асосан ҳангоми гирифтани қитъаи замин, иҷозат барои сохтмон ва пайвастшавӣ ба шабакаҳои муҳандисӣ ба мушкилиҳо дучор мегарданд.
"Боиси нигаронист, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати дастгирии иқдомҳои соҳибкорон ҳангоми гирифтани иҷозат ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба кашолкорӣ роҳ медиҳанд" - таъкид кардааст ӯ.
Ба гуфтаи президент, роҳи ҳалли ин мушкилӣ ба роҳ мондани низоми "Равзанаи ягона" дар тамоми ҷумҳурӣ аст.
"Аз ин рӯ, ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмон супориш дода мешавад, ки якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо низоми “Равзанаи ягона”-ро оид ба гирифтани иҷозат барои оғози корҳои сохтмон ҳарчи зудтар таъсис дода, оид ба натиҷаи фаъолият дар ин самт ҳар нимсола ба Ҳукумати мамлакат ҳисобот манзур намояд", - супориш додааст Раҳмон.
Гуфта мешавад, ин низом аллакай дар Душанбе ба роҳ монда шудааст.
Дар доираи идомаи ислоҳоти мазкур бо мақсади шаффоф, дастрас ва камхарҷ намудани ҷараёни гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномаҳо дар соҳаи сохтмон дар шаҳри Душанбе низоми “Равзанаи ягона” таъсис дода шудааст, ки он фаъолияти беш аз даҳ мақомоти дахлдори давлатиро вобаста ба баррасии муроҷиатҳо бо реҷаи мустақим ҳамоҳанг месозад, афзудааст президент.
Зани соҳибкор - роҳбари ширкати “Нур” дар Душанбе бо гумони қаллобӣ боздошт шуд
Иқдоми мазкур имкон додааст, ки намояндагони бахши хусусӣ дар ин самт 40 фоизи вақт ва беш аз 70 фоизи хароҷотро сарфа намоянд.