ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Ҷамъомади машқӣ-таълимии тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар риштаи футбол – “U-16” дар шаҳри Анталияи Туркия ба анҷом расид, хабар дод Кумитаи миллии олимпӣ.
Ба иттилои манбаъ, футболбозони навраси Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар доираи тамринҳо 4 бозии дӯстона анҷом доданд.
“Аз ҷумла, 8 феврал бозӣ бо дастаи ҷавонони “Дебресен”-и Маҷористон мусовӣ – 1:1 анҷом ёфт. Голи Тоҷикистонро Абдулфаттоҳ Худойдодзода ба ҳадаф расонд”, - омадааст дар иттилоия.
Кумита афзуд, инчунин шогирдони Аҳлиддин Турдиев бо дастаи наврасони Озарбойҷон ва тими “Коняспор”-и Туркия зӯрозмоӣ карда, бозиҳоро бо ҳисоби мусовӣ - 1:1 анҷом доданд. Наврасони Тоҷикистон бар тими “Виктория”-и Олмон бо ҳисоби 2:0 ғалаба кардаанд.
Кумитаи миллии олимпӣ тавзеҳ додаст, ки тамринҳо дар Туркия марҳилаи омодагии тими наврасони Тоҷикистон – “U-16” ба Чемпионати Осиё-2020 маҳсуб меёбад, ки аз 16 сентябр то 3 октябр дар Баҳрайн баргузор мешавад.