Мусодираи 3000 ниқоби тиббӣ аз мусофири хатсайри "Қазон-Душанбе"

Ин дуввумин ҳолати боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби Хадамоти гумруки Тотористон тайи се рӯзи ахир буда, санаи ҳафтуми феврал низ 21 корди як сокини Хуҷанд, ки расмиёти гумрукӣ надошт аз суйи ин ниҳод мусодира шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Мақомоти гумруки Тотористон аз як шаҳрванди 41 солаи Тоҷикистон 3000 ниқоби тиббӣ дарёфт ва мусодира кардаанд, ки мехост бидуни расмиёти гумрукӣ вориди Душанбе созад.

Дар ин бора Хадамоти гумруки Тотористон иттилоъ дода, гуфтааст, зодаи Тоҷикистон ҳамчунин мехост 3080 хамира барои пуркунии дандон ва ё пломбаро бидуни расмиёти гумрукӣ ба Тоҷикистон барад.

Хадамоти гумрук аз қочоқи пӯшокҳои маткабии Узбакистон ҷилавгирӣ кард

Ба иттилои манбаъ, ин маводҳо ҳангоми муоинаи гумрукӣ дар бағоҷи мусофири хатсайри "Қазон-Душанбе" ёфт ва мусодира гаштааст.

 Манбаъ мегӯяд, зодаи Тоҷикистон гуфтааст, ниқобҳои тиббӣ ва “пломба”-ҳо моли аз рафиқаш аст ва мебоист ба бародари ӯ, ки дар Душанбе аст, бидиҳад. Ӯ ҳамчунин гуфтааст, намедонист, ки ин маводҳоро бояд ҳуҷҷатгузорӣ кард.

Мақомоти гумруки  Тотористон  мегӯяд, ҳама молҳо мусодира карда шуда, бароиташхис фиристода шуданд ва нисбат ба зодаи Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ боз шудааст.

Ин нахустин ҳолати ошкорсозии маводҳо бе қайди расмиёти гумрукӣ набуда, ҳафтаи гузашта низ кормандони гумруки Тотористон 21 корди  зодаи 24 солаи кишварро, ки мехост вориди шаҳри Қазон созад, мусодира карданд.