Маргумири бесобиқа аз коронавирус дар рӯзи якшанбе

Рӯзи якшанбеи 9 феврал бар асари коронавирус 97 нафар дар Чин ҷон доданд, ки баландтарин нишондоди маргумир аз ин маризӣ дар як рӯз мебошад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Теъдоди умумии ҳалокшудагон дар Чин ба 908 нафар расида, раванди мубталошавӣ ба вируси тоҷдор ба эътидол оварда шудааст, хабар додааст Комиссияи беҳдошти Чин.

Ба карантин мефиристем: вазир дар бораи 1,5 ҳазор коргари чинӣ, ки ба ҶТ бозмегарданд

Ба иттилои ахир, теъдоди мубталоёни коронавирус дар Чин 40 ҳазору 171 нафарро ташкил дода, дар маҷмуъ 187 ҳазору 518 нафар таҳти назорат мебошанд.

Бар асоси маълумоти омории Чин, то ҳол 3 ҳазору 281 нафар гирифторони вирус табобат ёфта, аз бемористон мураххас шудаанд.

Ба пизишкони "Шифобахш" фаҳмониданд, бо вируси "тоҷдор" чӣ гуна рафтор кунанд

Ҳукумати Чин рӯзи 31 - уми декабри соли гузашта ба Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз бурузи маризии илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Вуҳан хабар дода буд.

Нигаронии Убайдуллоев аз ҳоли муҳоҷир, гурези соҳибкор, коронавирус ва пули монда дар бонк

Сипас муайян шуд, ки барангезандаи ин маризӣ коронавирус - 2019-nCoV мебошад.

Феълан гирифторони короноврус дар Фаронса, Италия, Олмон, ИМА, Австралия, Ветнам, Ҳонконг, Ҳиндустон, Малайзия, Макао, Непал, Канада, Сингапур, Таиланд, Тайван, Ҷопон, Филиппин, Финляндия, Кореяи Ҷанубӣ ва Украина ба қайд гирифта шудаанд.

Ҳалокати 10 кӯдак дар Бадахшони Афғонистон : нигаронии ҳукумат аз вируси "тоҷдор"

Дар Русия рӯзи 31 январ ду шаҳрванди Чин бо "вируси тоҷдор" ба қайд гирифта шуд. Яке дар вилояти Тюмен ва дигарӣ дар Забайкал будаанд.