Мақоми ҳафтуми Сомон ва Беҳрӯз дар "Paris Grand Slam 2020"

Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯз Хоҷазода ҳарду ҳам қаҳрамонони ҷаҳон, дар мусобиқаи "Paris Grand Slam 2020" мақоми ҳафтумро ишғол карданд. Акмал, Комроншоҳ ва Шакармамад ягон ҷой нагирифтанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Паҳлавонони шинохтаи кишвар Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯз Хоҷазода дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо – Гранд Слами Париж ҷои ҳафтумро ишғол карданд.

Сомонпаҳлавон рақиби навбатияшро низ мағлуб кард ва ба даври чорум роҳ ёфт

Бино ба гузориши Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, сабқат 8-9 феврал бо ширкати 680 варзишгар (405 мард, 275 зан) аз 115 давлат дар шаҳри Пориси Фаронса доир гашт.

Дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон дар ҳайати 5 нафар – Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг), Акмал Муродов (-81кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг) ва Шакармамад Мирмамадов (+100кг) дар мусобиқа ширкат карданд.

Рақибони паҳлавонони тоҷик дар Порис муайян ва имрӯз вориди майдони рақобат мешаванд

"Натиҷаи беҳтарини паҳлавонони мо ду ҷои ҳафтум мебошад. Сомон ва Беҳрӯз дар вазни -73 кило куштӣ гирифтанд", - омадааст дар хабарнома.

Беҳрӯз, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар варзишгари Самоа Виллиам Тай Тин, дар даври сеюм бар намояндаи Фаронса Тео Риқуин, дар даври чорум бар варзишгари Олмон Шамил Дзавбатиров ғалаба карда, дар чорякфинал аз Соиши Ҳашимотои ҷопонӣ, ки ғолиби ин вазн гардид ва дар қувваозмоии тасаллобахш аз варзишгари дигари Ҷопон Масаши Эбинума мағлуб шуда, ҷои ҳафтумро ишғол кард.

Сомон аз даври аввал қувваозмоиро шуруъ карда, бар варзишгарони Португал (Ҷорге Фернандес), Белгия (Дирк Ван Тичелт), Монтенегро (Никола Гардасевич), Миср (Муҳаммад Муҳйелдин) дастболо шуд, вале дар чорякфинал аз варзишгари Қазоқистон Жансай Смагулов, ки медали нуқра ба даст овард ва дар қувваозмоии тасаллобахш аз варзишгари Узбакистон Ҳикматулло Тураев, ки ҷои сеюмро сазовор шуд, мағлуб гашта, ҷои ҳафтумро ишғол намуд.

Сомон ва Беҳрӯз ба даври сеюми мусобиқаи "Paris Grand Slam 2020" роҳ ёфтанд

Се варзишгари дигарамон дар даврҳои аввал аз ҳарифонашон мағлуб гаштанд.

Дар ҳисоби даставӣ варзишгарони Ҷопон бо ба даст овардани 3 медали тилло, 5 нуқра, 5 биринҷӣ ҷои аввалро ишғол карданд.

Фаронса бо 3 медали тилло, 1 нуқра, 2 биринҷӣ ҷои дуюм, Кореяи Ҷанубӣ бо 1 тилло, 1 нуқра ҷои сеюмро сазовор шуданд.

Умуман, варзишгарони 23 давлат соҳиби медал гардиданд.

Тоҷикистон бо ду ҷои ҳафтум миёни 115 давлати иштирокчӣ дар ҷои 30-юм мавқеъ гирифт.

Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал соҳиби ҷоизапулӣ шуданд. Барои ҷои якум 5000 доллари ИМА, ҷои дуюм – 3000 доллар, ду ҷои сеюм 1500-долларӣ ҷудо шуд.

Варзишгарон, ҳамчунин соҳиби холҳои олимпӣ гардида, мавқеашонро дар радабандии олимпӣ беҳтар намуданд.

Аз ҷумла, варзишгарони мо Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯз Хоҷазода 260-холӣ гирифтанд. Комроншоҳ Устопириён, ки як ғалаба ба даст овард, соҳиби 100 хол гашт. Ба Акмал ва Шакармамад 10-холӣ насиб гашт.