Бародарони бекори раиси нави Кумита: ӯ гуфт, феъли таъини хешу шинос ба мақомҳоро надорад

Раҳбари тозатаъини Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон мегӯяд, “команда”-и худро надорад ва касеро ҳам аз ҷойҳои кори қаблияш ба кумитаи таҳти идорааш нахоҳад овард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Абдулло Раҳмонзода, раҳбари нави Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон мегӯяд, касеро аз идораҳои кории қаблияш ҳамроҳи худ нахоҳад овард.

Кумитаи кор бо ҷавонон мутахассис меҷӯяд: маош аз 768 то 936 сомонӣ

"Командаи худро надорам, ба маънои ин ки ба кадом идорае, ки рафтам ҳамроҳи худам касеро набурдам ва касеро аз он идораҳо ба ин ҷой кашиданӣ нестам", - изҳор дошт Раҳмонзода.

Ӯ афзуд, аллакай бо ҳайати кормандон шинос буда, медонад, аксар дар ин ниҳод ҷавонони лаёқатманде кор мекунанд, ки аз сатҳи маҳалҳо вилоятҳо ёфта, оварда шудаанд ва ниёз ба иваз карданашон нест.

Ба гуфти Раҳмонзода, гуруҳе, ки дар худи дастгоҳ вуҷуд дорад, аз уҳдаи кори худ мебарояд.

"Акнун барои як корманди дигарро овардану дар қолаби кори Кумита ворид кардан вақт даркор аст, ки ин дигар хиёнат ба кор ва соҳа мешавад. Сеюм ин ҳеҷ барои ман ҳамчун инсон, ки маънавиётро дар ҷойи аввал мегузорам, қобили қабул нест".
Сармутахассиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш ихтиёран ба хизмати аскарӣ рафт

Номбурда гуфт, ду соли ахир раҳбари дастгоҳи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар Хатлон буд ва ягон нафар аз хешовандонашро ба ин корхона наовард, ҳарчанд бародарони бекор дошт.

Ман аз рӯзи аввали ба Кумита омадан изҳор доштам, ки дар ташвиш набошед ман то ҳол ба чунин ҳолат роҳ надодам ва роҳ нахоҳам дод.

Абдулло Раҳмонзода, ҳуқуқшинос буда, қаблан дар вазифаи ҳуқуқшиноси Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ, роҳбари ташкилоти Созандагони Ватан ва раиси дастгоҳи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон кор кардааст.