ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Домоди президенти Узбакистон Отабек Умаров раҳбари Конфедератсияи ММА дар Осиёи Марказӣ таъин шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ин ниҳод.
Конфедератсия дар ҷамъбасти нишасти матбуотии Шӯрои Федератсияи байналмилалии муҳорибаҳои омехта дар шаҳри Нур-Султон ташкил гардид.
Таъиноти Отабек Умаровро ба ҳайси раҳбари Конфедератсия ҳамаи аъзоёни нишаст дастгирӣ карданд.
Дар баробари ин, дар ин нишаст қарор дар бораи баргузории нахустин қаҳрамонии ММА дар Осиёи Марказӣ қабул шуд.
Ҳамин тавр, аввалин қаҳрамонии ММА дар Осиёи Марказӣ тобистони соли 2020 дар Қазоқистон баргузор мегардад.
Ёдрас мешавем, ки миёнаҳои моҳи ноябри соли 2019 домоди Шавкат Мирзиёев - Отабек Умаров раҳбари Ассосиатсияи муҳорибаҳои омехта, ки тоза дар Узбакистон ташкил шуд, таъин гардид.