Рақибони паҳлавонони тоҷик дар Порис муайян ва имрӯз вориди майдони рақобат мешаванд

Дар мусобиқаи "Paris Grand Slam 2020", ки шоми дирӯз қуръакашӣ баргузор гардид, паҳлавонони тоҷик рақибони худро дарёфтанд ва имрӯз вориди майдони рақобат мешаванд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Тоҷикистонро, ки дар мусобиқаи "Paris Grand Slam 2020" 5 варзишгари қавӣ муаррифӣ мекунанд, имрӯз вориди майдони рақобат мешаванд. Дирӯз бар асоси маросими қуръакашӣ, рақибони паҳлавонони тоҷик муайян гардид.

Бори нахуст 4 варзишгари тоҷик ба Федератсияи байналмилалии дзюдо роҳхат гирифтанд

Ба иттилои агентии Ховар, Беҳрӯзи Хоҷазода  дар вазни  то  73 кило дар даври аввал озод аст ва рақобатро аз даври дуюм бар зидди варзишгари  кишвари Самоа – Таи Тин Виллиам оғоз мекунад.

Сомон   Маҳмадбеков дар вазни то  73 кило, дар даври нахуст бо намояндаи кишвари Португалия – Хорхе Фернандес рӯи татамӣ мебарояд.

Паҳлавони  дигари тоҷик Акмал Муродов дар вазни то 81 кило дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо Камолиддин Расулови ӯзбек қувва  месанҷад.

Сомон Маҳмадбеков беҳтарин варзишгари ҷавон дар соли 2019 эълон шуд

Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило дар даври нахусти мусобиқаи мазкур бо гӯштингири кишвари Колумбия – Франсиско Баланта неруозмоӣ мекунад.

Ҷаҳонпаҳлавони тоҷик Сомон Маҳмадбеков ба Ҷопон меравад

Шакармамад Мирмамадов дар вазни  беш аз +100  кило дар даври нахуст бар зидди намояндаи кишвари Муғулистон – Наидан Тувшинбаяр рақобат мекунад.

Тибқи иттилои Федератсияи байналмилалии дзюдо, дар "Paris Grand Slam 2020" беш аз 800 нафар варзишгарон аз 122 кишвари ҷаҳон ширкат хоҳанд кард.

Бояд зикр кард, ки ширкаткунандагони «Paris Grand Slam 2020», инчунин соҳиби имтиёзҳои олимпӣ мешаванд. Гӯштигирони тоҷик барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Олимпиадаи Токио-2020 талош меварзанд.