ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Тими “Хуҷанд”, ноиб-чемпиони Тоҷикистон, дар даври плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футбол бо ғолиби Ҷоми Қирғизистон – тими “Нефтчӣ”-и Қочқор-Ата бозӣ мекунад.
Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, тими “Аҳал”-и Туркманистон барои ҳозир нашудан ба бозии марҳилаи аввали Ҷоми КФО-2020 муқобили “Нефтчӣ”, ки бояд 5 феврал дар Ҷалолобод доир мегашт, аз мусобиқа берун карда шуд.
Манбаъ афзуд, дар даври плей-оффи Ҷоми КФО-2020 барои баромадан ба марҳилаи гурӯҳӣ “Нефтчӣ”-и Қирғизистон ва “Хуҷанд”-и Тоҷикистон талош мекунанд.
Анҷоми нахустин сафари "Суғдсинамо" ба Маскав - навор
Бозии аввали дастаҳо 19 феврал дар Ҷалолобод, бозии ҷавобӣ 26 феврал дар Душанбе баргузор мешавад.
Ба иттилои Кумита, дар сурати пирӯзӣ дастаи “Хуҷанд” ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2020 роҳ меёбад ва дар гурӯҳи “D” бо дастаҳои “Истиқлол”-и Тоҷикистон, “Олтин Асир”-и Туркманистон ва “Дордой”-и Қирғизистон бозӣ мекунад.