Беш аз 150 фармони нави Раҳмон: ном ба ном - кӣ чӣ вазифа гирифт?

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои беш аз 150 фармон дар мақомоти додгоҳии шаҳру навоҳии кишвар тағйироти кадриро анҷом дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Тафсилоти тағйироти кадрӣ - ном ба ном, ки кӣ аз кадом мақом барканор шуду кадом вазифаро гирифт, дар феҳрасти зер ироа мешавад.

Тағйироти кадрӣ дар додгоҳҳои ВМКБ

Бо фармони раисиҷумҳур, Назарзода Абдуҳанон Худойназар муовини якуми раиси суди ВМКБ таъин гардида, аз вазифаи муовини раиси суди ин вилоят озод гардид.

Раисиҷумҳур инчунин фармон додааст, Раҳматзода Тоҷиддин Раҳмат судяи суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин гардида, аз вазифаи раиси суди ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод карда шавад. Абдуҳамидзода Валиҷон Абдумаҷит судяи суди ВМКБ таъин шуда, аз вазифаи судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ озод гардид.

Бар асоси фармонҳои дигар, Аёмзода Одинашоҳ Давлат судяи суди ВМКБ таъин гардида, аз вазифаи судяи суди шаҳри Истаравшани вилояти Суғд озод карда шуд.

Рост! посухи Ятимов ба супориш барои “пеш кардани намешудагиҳо аз система”-видео

Нурализода Суҳроб Мустафо судяи суди ВМКБ таъин гардида, аз вазифаи судяи суди вилояти Суғд озод карда шавад. Миршарифзода Сайдалӣ Қурбоналӣ судяи суди ВМКБ таъин гардида, аз вазифаи раиси суди ноҳияи Тоҷикобод озод карда шавад. Асозода Дилноза Меҳроб раиси суди ноҳияи Ванҷ,  Мирзохонзода Амриддин Шамсимад раиси суди ноҳияи Дарвоз, Ҷумахонзода Рустам Ҷумахон раиси суди ноҳияи Ишкошим, Искандархонзода Бибифотима Амиргулхон судяи суди ноҳияи Ишкошим таъин шуданд.

Меҳмон Аловиддин Бозгул мақоми раиси суди ноҳияи Мурғоб, Каримӣ Акбаралӣ Раҷаб судяи суди ноҳияи Мурғоб, Умарзода Фирдавс Тавакалхуҷа, раиси суди ноҳияи Роштқалъа ва Давлатманд Юсуфзода мақоми раиси суди ҳарбии гарнизони Хоруғро гирифт. Шарифзода Муслим Сангимурод аз вазифаи судяи суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо хоҳиши худаш истеъфо додаст.

Тағйироти кадрӣ дар мақомоти додгоҳии вилояти Хатлон

Назри Муҳаммадвалӣ, муовини раиси суди вилояти Хатлон,  Мирзозода Неъмат Мирзо судяи суди вилояти Хатлон,  Қодирзода Ҳасан Нурулло, Аҳмадзода Маҷид Аҳмад судяи суди вилояти Хатлон таъин гардида, аз мақомашон дар додгоҳҳои ВМКБ озод гардиданд. 

Раисиҷумҳур инчунин фармон додааст, Сайдализода Ҳабибулло Сайдулло судяи суди вилояти Хатлон таъин гардида, аз вазифаи раиси суди ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон озод карда шавад. Хидирзода Батир Эргаш судяи суди вилояти Хатлон таъин гардида, аз вазифаи раиси суди ноҳияи Лахш озод гардад.

Расулзода Муҳаммад Аслидин судяи суди вилояти Хатлон таъин гардида, аз вазифаи судяи суди шаҳри Нораки вилояти Хатлон барканор шуд. Бобоҷон Шералӣ судяи суди вилояти Хатлон таъин гардида, аз вазифаи судяи суди шаҳри Кӯлоб озод гардид.

Алимзода Ҳанифа Акбар муовини раиси суди шаҳри Бохтар, таъин гардида, аз вазифаи судяи суди шаҳри Кӯлоб озод шуд. Раҳмонзода Шариф Файз раиси суди шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон таъин гардида, аз вазифаи раиси суди ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон озод карда шавад.

Пешниҳоди ахбори носаҳеҳ ба Президент: эроди Раҳмон аз ёвар, Ятимов ва додситони кул-видео

Акрамзода Ҳамза муовини раиси суди шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон таъин гардида, аз вазифаи раиси суди ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон озод карда шавад.

Нурзода Сайвалӣ, судяи суди шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, Наимзода Пайрав Сулаймонӣ раиси суди ноҳияи Балҷувон, Шарифзода Баҳром Бурӣ, раиси суди ноҳияи Восеъ,  Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло раиси суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон таъин гардиданд. Ҳукуматзода Муҳаммад Мирзошо муовини раиси суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон таъин гардида, аз вазифаи судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ озод шуд.

Сафарзода Шералӣ Нур раиси суди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таъин гардида, аз вазифаи раиси суди шаҳри Ҳисор озод шуд. Бегмуродзода Исломиддин Бегмурод раиси суди ноҳияи Темурмалик таъин гардида, аз вазифаи судяи суди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ озод шуд. Табарзода Қамариддин Мумин, раиси суди ноҳияи Ховалинг таъин гардида, аз вазифаи судяи суди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ озод карда шавад. Қурбонзода Анвар Акобир раиси суди ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон таъин гардида, аз вазифаи раиси суди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  озод карда шавад.

Назарзода Зафар Азизулло судяи суди шаҳри Норак таъин гардида, аз вазифаи судяи суди ноҳияи Данғара озод карда шавад. Иброҳимзода Исроил Исмоил судяи суди ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон таъин гардида, аз вазифаи судяи суди ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон озод карда шавад. Ҳакимиён Киромиддин Қурбон судяи суди ҳарбии гарнизони Хатлон таъин гардида, аз вазифаи судяи суди ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон озод карда шавад.

Тағйироти кадрӣ дар додгоҳҳои вилояти Суғд

Ҳафиззода Тоҷиддин Миралӣ муовини якуми раиси суди вилояти Суғд таъин гардида, аз вазифаи раиси суди шаҳри Исфара озод карда шавад. Раҳматзода Исмоил муовини раиси суди вилояти Суғд таъин гардида, аз вазифаи судяи суди вилояти Суғд озод карда карда шавад.

Набизода Наргиса Ҳаким судяи суди вилояти Суғд таъин гардида, аз вазифаи судяи суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд озод карда шавад. Назариён Нигора Қосимӣ судяи суди вилояти Суғд таъин гардида, аз вазифаи судяи суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд озод карда шавад. 

Абдуғафорӣ Анварҷон судяи суди вилояти Суғд таъин гардида, аз вазифаи судяи суди шаҳри Истаравшан озод карда шавад. Зоирзода Боҳир судяи суди вилояти Суғд таъин гардида, аз вазифаи судяи суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд озод карда шавад.

Зарифӣ Фахриддин Наҷмиддин судяи суди вилояти Суғд таъин гардида, аз вазифаи судяи суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд озод карда шавад. Сангинзода Ҷӯрабек Абдумаҷид судяи суди вилояти Суғд таъин гардида, аз вазифаи судяи суди ноҳияи Ашти вилояти Суғд озод карда шавад.

Қурбонзода Хуршеда Гулмат судяи суди вилояти Суғд таъин гардида, аз вазифаи судяи суди ноҳияи Ҷаббор Расулов озод карда шавад. Саидшозода Зафар Сафаралӣ муовини якуми раиси суди шаҳри Хуҷанд таъин гардида, аз вазифаи судяи суди шаҳри Душанбе озод карда шавад.

Тафсилоти нав: “Талко” “модар” - и чанд “духтар” мешавад?

Дустзода Миршакар Тошмурод судяи суди шаҳри Хуҷанд таъин гардида, аз вазифаи судяи суди ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд озод карда шавад.

Мирзозода Муҳаммад раиси суди шаҳри Исфара таъин гардида, аз вазифаи муовини якуми раиси суди вилояти Суғд озод карда шавад. Аҳмадзода Қаҳрамон Тоҳирҷон муовини якуми раиси суди шаҳри Исфара таъин гардида, аз вазифаи судяи суди шаҳри Истаравшан озод карда шавад.

Муродализода Суҳроб муовини якуми раиси суди шаҳри Истаравшан таъин гардида, аз вазифаи раиси суди шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд озод карда шавад. Азаматзода Мунирахон Аҳмадӣ раиси суди шаҳри Истиқлол  таъин гардида, аз вазифаи судяи суди ноҳияи Шаҳристон озод карда шавад.

Турсунзода Шараф раиси суди ноҳияи Айнӣ  таъин гардида, аз вазифаи судяи суди ноҳияи мазкур озод карда шавад. Абдуҷабборӣ Абдуфаёз Абдуҷаббор муовини якуми раиси суди шаҳри Конибодом таъин гардида, аз вазифаи раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расулов озод карда шавад. Садриддинзода Насрулло раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расулов таъин гардида, аз вазифаи муовини раиси суди ноҳияи Спитамен озод карда шавад.

Раҳимзода Зарина Абдухолиқ муовини якуми раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъин гардида, аз вазифаи судяи суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров озод карда шавад. Саломзода Ҷумахон Ҷурахон судяи суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  таъин гардида, аз вазифаи судяи суди шаҳри Турсунзода озод карда шавад.

Ҳомитзода Умедҷон Абдувоҳидӣ судяи суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд таъин гардида, аз вазифаи судяи суди шаҳри Конибодом озод карда шавад. Шарифзода Азизҷон Шариф судяи суди шаҳри Гулистон таъин гардида, аз вазифаи судяи суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров озод карда шавад. Қурбониён Алишо Назрулло раиси суди ноҳияи Мастчоҳ таъин гардида, аз вазифаи муовини якуми раиси суди шаҳри Душанбе озод карда шавад.

Тағйироти кадрӣ дар мақомоти додгоҳии шаҳри Душанбе

Холиқмуродзода Далер Абдуғаффор муовини якуми раиси суди шаҳри Душанбе таъин гардида, аз вазифаи раиси суди ноҳияи Восеъ озод карда шавад. Саидзода Марзия Файзалӣ муовини раиси суди шаҳри Душанбе таъин гардида, аз вазифаи раиси суди шаҳри Роғун озод карда шавад.

Раҳмон мудири нави Маркази тадқиқоти стратегии назди Президентро таъин кард

Сафарзода Қудратулло Ҳукумат судяи суди шаҳри Душанбе таъин гардида, аз вазифаи судяи суди ноҳияи Темурмалик озод карда шавад. Вализода Таҳмина Самиҷон судяи суди шаҳри Душанбе таъин гардида, аз вазифаи судяи суди шаҳри Ҳисор озод карда шавад. Ашурзод Ҷамолиддин Раҷабалӣ судяи суди шаҳри Душанбе таъин гардида, аз вазифаи судяи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе озод карда шавад.

Раҷабзода Суҳроб Абдулсаид судяи суди шаҳри Душанбе таъин гардида, аз вазифаи судяи суди ноҳияи Шаҳринав озод карда шавад. Ҷобирзода Сурайё Ҳафиз судяи суди шаҳри Душанбе таъин гардида, аз вазифаи муовини якуми раиси суди ноҳияи Шоҳмансур  озод карда шавад. Кабирзода Сарфароз Мизроб муовини якуми раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таъин гардида, аз вазифаи муовини раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ озод карда шавад.

Нурализода Сафар Маҷид муовини раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таъин гардида, аз вазифаи судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе озод карда шавад. Маҳмадзода Хуршед Бобохон муовини раиси суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе таъин гардида, аз вазифаи судяи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе озод карда шавад.

Кор бисёр: ташкили мансабҳои нав дар Тоҷикистон

Бобозода Аҳмад Бегали судяи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе таъин гардида, аз вазифаи судяи суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе озод карда шавад. Юсуфзода Зубайдулло Раҳматулло судяи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе таъин гардида, аз вазифаи судяи суди ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд озод карда шавад.

Файзуллозода Саидаъзам Ҳамид судяи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе таъин гардида, аз вазифаи судяи суди ноҳияи Вахши вилояти Хатлон озод карда шавад. Саидзода Зебонисо Саидбек судяи суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе таъин гардида, аз вазифаи судяи суди ҳарбии гарнизони Душанбе озод карда шавад.

Исозода Баҳодур Чиллахон муовини раиси суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таъин гардида, аз вазифаи судяи суди ноҳияи Сино озод карда шавад. Ҳакимзода Дилшод Абдусамад судяи суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таъин гардида, аз вазифаи судяи суди ҳарбии гарнизони Хатлон озод карда шавад. Искандарзода Бахтиёр Мустафо муовини раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе таъин гардида, аз вазифаи судяи суди ноҳияи Сино озод карда шавад.

Тағйироти кадрӣ дар навоҳии тобеи марказ

Ҳабибуллозода Хайрулло муовини раиси суди шаҳри Ваҳдат таъин гардида, аз вазифаи судяи суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе озод карда шавад. Искандарзода Раъно Саидмаҳмуд раиси суди шаҳри Роғун таъин гардида, аз вазифаи муовини раиси суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе озод карда шавад.

Маҷидзода Абдуқодир Қурбоназар раиси суди шаҳри Ҳисор таъин гардида, аз вазифаи раиси суди ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон озод карда шавад. Шоҳиён Муҳаммадсаид Алимардон муовини якуми раиси суди шаҳри Ҳисор таъин гардида, аз вазифаи муовини раиси суди шаҳри Ҳисор озод карда шавад.

10 амри Президент: Раисиҷумҳур зердастони Озода Раҳмонро ҷо ба ҷо кард

Ҷурахонзода Масрур Ҷурахон муовини раиси суди шаҳри Ҳисор таъин гардида, аз вазифаи судяи суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе озод карда шавад. Саидзода Мирзохон Давлат судяи суди шаҳри Ҳисор таъин гардида, аз вазифаи судяи суди ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон озод карда шавад. Додоматзода Фахридин судяи суди шаҳри Ҳисор таъин гардида, аз вазифаи судяи суди вилояти Хатлон озод карда шавад. 

Собирзода Зайдулло Фозил судяи суди шаҳри Ҳисор таъин гардида, аз вазифаи судяи суди ВМКБ озод карда шавад. Сафарзода Диловар Амиралӣ муовини раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ таъин гардида, аз вазифаи судяи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе озод карда шавад. Ҷалилзода Сайкабир Халил судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ таъин гардида, аз вазифаи муовини раиси суди шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон озод карда шавад.

Сафарзода Ғозибек Солиҳ раиси суди ноҳияи Тоҷикобод таъин гардида, аз вазифаи судяи суди ноҳияи Файзобод озод карда шавад. Холиқзода Бахтиёр Ҳайдар раиси суди ноҳияи Файзобод таъин гардида, аз вазифаи муовини якуми раиси суди шаҳри Ваҳдат озод карда шавад. Назарзода Шоди Қурбон судяи суди ноҳияи Файзобод таъин гардида, аз вазифаи судяи суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод карда шавад. Идрисзода Балаҷон Алиҷон судяи суди ноҳияи Шаҳринав таъин гардида, аз вазифаи судяи суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд озод карда шавад.

Сайдалӣ Сироҷиддин Сайвалӣ судяи суди иқтисодии вилояти Хатлон таъин гардида, аз вазифаи раиси суди ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон озод карда шавад. Гулзода Саймаҳмуд Сафаралӣ судяи суди иқтисодии вилояти Суғд таъин гардида, аз вазифаи судяи суди ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон озод карда шавад. Аминзода Сайдабону Рустам судяи суди иқтисодии вилояти Суғд таъин гардида, аз вазифаи муовини якуми раиси суди шаҳри Истаравшани вилояти Суғд озод карда шавад. Раҷабзода Муродҷон муовини раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе таъин гардида, аз вазифаи судяи суди иқтисодии вилояти Суғд озод карда шавад.

Инчунин раисиҷумҳури Тоҷикистон беш аз 50 ҷавонро, ки тариқи озмун ба кор дар мақомоти додгоҳӣ қабул шудаанд, ба мақоми додрас таъин кардааст.