Се лижарони тоҷик барои Ҷоми Қароқурум дар Покистон зӯрозмоӣ мекунанд

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз оғози мусобиқаи байналмилалии лижаронӣ дар ҷумҳурии Покистон хабар дод, ки бо иштироки варзишгарони тоҷик баргузор мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Кумитаи миллии олимпӣ иттилоъ дод, ки мусобиқа дар Покистон имрӯз оғоз гардид.

То 1500 доллар ҳар моҳ: таъини кумакпулӣ барои лижарону муштзанҳои тоҷик

Лижаронҳо аз кишварҳои гуногун, аз ҷумла Баҳриддин Ғоибов, Сайфиддини Низомиддин ва Саидашраф Эшонов аз Тоҷикистон барои Ҷоми Қароқурум сабқат хоҳанд кард.

“Ҷиҳати иштирок дар 4-ум мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Қароқурурум ва мусобиқаи байналмилалӣ оид ба лижаронии кӯҳии Малам Ҷабба, ки то 11 феврал идома меёбад, аз ҷумҳурии мо се варзишгар – Баҳриддин Ғоибов, Сайфиддини Низомиддин ва Саидашраф Эшонов сафарбар гардидаанд”, - омадааст дар иттилоия.

Кумита тавзеҳ дод, ки варзишгарони тоҷик дар ду қувваозмоӣ – слалом ва гигант слалом, бо варзишгарони беш аз 10 давлат зӯрозмоӣ мекунанд.

Мусобиқаҳо дар осоишгоҳҳои зимистонаи Малам Ҷабба ва Налтари Покистон баргузор мешаванд.