ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон панҷ варзишгар шомил гардидаанд, ки дар сабқати мардон иштирок мекунанд, хабар додаст телевизиони “Варзиш”.
Манбаъ афзуд, ки ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон Беҳрӯзи Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков - ҳарду дар вазни зери 73 кило, Акмал Муродов, дар вазни зери 81 кило, Комроншоҳи Устопириён, дар вазни зери 90 кило ва Шакармамад Мирмамадов, дар вазни беш аз 100 кило шомил мебошанд.
Федератсиони байналмилалии ҷудо – “IJF” хабар додаст, ки дар “Paris Grand Slam 2020” иштироки 740 варзишгар, аз ҷумла 446 мард ва 294 зан аз 121 кишвари панҷ қитъаи дунё дар назар аст.
Ширкаткунандагони “Paris Grand Slam 2020”, инчунин соҳиби имтиёзҳои олимпӣ мешаванд ва куштигирони Тоҷикистон низ барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Олимпиадаи Токио-2020 талош меварзанд.