То 116 сомонӣ ҷарима: ҳушдори мақомот ба намозгузорон дар рӯзҳои ҷумъа

Мақомоти бозрасии автомобилӣ аз танбашавии нақлиёт дар назди масоҷиди шаҳри Душанбе дар рӯзҳои ҷумъа изҳори нигаронӣ карда, ҳушдор додаанд, ки дар сурати таваққуфи нодуруст ронандагон ҷарима ва мошинҳо ба ҷаримагоҳ интиқол дода мешаванд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Барои нақзи қоидаҳои таваққуф, ронандагон мутобиқи моддаи 346-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон  аз 1 то 2 нишондиҳанда, яъне аз 58 то 116 сомонӣ ҷарима баста мешаванд, хабар додаст “Ховар” аз қавли Акбар Қурбонзода, масъули БДА.

Таблиғи ифротгароӣ ва терроризм дар Интернет: Кумитаи дин аз он чигуна пешгирӣ хоҳад кард?

“Дар баробари ин мошинҳое, ки нодуруст таваққуф намудаанд ва ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт монеа эҷод мекунанд, тавассути нақлиётии махсуси БДА — эвакуаторҳо ба ҷаримагоҳ бурда мешаванд”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ таъкид намудаст, ки нисбат ба солҳои қаблӣ риояи қоидаҳои  ҳаракат дар роҳ, хусусан ҳангоми намозгузорӣ дар масҷидҳо беҳтар шудааст, аммо бархе аз ронандагон то ҳол дидаву дониста ба қоидавайронкунӣ даст мезананд.

Тибқи маълумоти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Тоҷикистон, дар ҷумҳурӣ то имрӯз 3088  масоҷид сабти ном шуда, аз ин миқдор  дар 375  масҷид намози ҷумъа  баргузор карда  мешавад.

“Дар шаҳри Душанбе   19 масҷиди ҷомеъ расман фаъолият  доранд, вале барои сабук кардани рафтуомади шаҳрвандон дар рӯзҳои ҷумъа ба таври иловагӣ ба 19 масҷиди дигар низ иҷозат дода шудааст, ки намози ҷумъаро доир намоянд”, - омадааст дар иттилоия.