Барканории раиси Комиссияи одоби вакилон ба далели таъинаш ба мансаби нав

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ваколатҳои вакил Муродулло Давлатзодаро ҳафтаи равон пеш аз муҳлат қатъ карда, ӯро аз вазифаи раиси Комиссияи одоби вакилони парлумон озод намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Маҷлиси намояндагон инчунин Давлатзодаро аз ҳайати Шӯрои маҷлис ва Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот хориҷ кард.

"Смс" аз ширкатҳои мобилӣ: симкортҳо қатъ мешаванд

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон далели барканории Давлатзодаро таъинаш ба мақоми раиси Маркази исломшиносии назди Президенти Тоҷикистон гуфт. Ӯ Файзулло Баротзодаро иваз кард, ки номзадияш аз ҷониби Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон дар интихоботи соли ҷорӣ ба парлумон пешбарӣ шудааст.

Муродулло Давлатзода, ки бо фармони Эмомалӣ Раҳмон мудири Маркази исломшиносии назди раисиҷумҳур таъин шуд,  дар гузашта ба ҳайси раиси Кумитаи дин низ кор кардааст.

Тибқи ҳолномаи Муродулло Давлатзода,  ӯ 14-уми сентябри соли 1957 дар деҳаи Ҷӯйбодоми ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шуда, номзади илмҳои фалсафа, дотсент мебошад. Аз соли 1974 то соли 1981 дар шуъбаи забони арабии факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил карда, онро бо ихтисоси филолог – шарқшинос ба итмом расонидааст.

Раҳмати калон! сипосгузории Аҳмадзода аз Чин

Зимни таҳсил, аз соли 1978 то соли 1980 дар Ҷумҳурии Ироқ ва пас аз он солҳои 1981-1982 дар Донишгоҳи давлатии Адани Ҷумҳурии Яман ба сифати тарҷумони забони арабӣ кор кардааст. Дар Донишгоҳи давлатии Адан китоби дарсиро зери унвони “Масъалаҳои муҳими фалсафа” ба забони арабӣ навишта ба табъ расонидааст.

Солҳои 1983 — 1985 аспиранти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва аз соли 1985 то 1993 муаллим ва дотсенти кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абуалӣ ибни Сино будааст.

Соли 1987 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи “Таҷдиди назарияҳои сиёсӣ ва ахлоқии исломи муосир” дифоъ намудааст. Аз соли 1993 то 2000 мудири шуъбаи кишварҳои арабии Институти иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон солҳои 1995 - 1996 мудири шуъбаи кишварҳои Осиё ва Африқои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Пеш аз интихобот: номзад ба Парлумон рисолаи илмиашро ҳимоя кард

Аз соли 2000 то 2004 ба сифати мутахассиси пешбар дар Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаолият намудааст. Аз июл то сентябри соли 2004 ба сифати муовин ва аз сентябри ҳамин сол то декабри соли 2007 ба ҳайси раиси Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз январи соли 2008 то июли соли 2008 ба ҳайси муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Аз июли 2008 то интихобаш ба ҳайси вакили парлумон дар соли 2015 мудири Маркази исломшиносӣ будааст ва инак боз ба ин мақом баргашт. Забонҳои русӣ ва арабиро хуб медонад. Оиладор, соҳиби чор фарзанд мебошад.