Вазир: мақсади мақомот кӯдакони аз Ироқ баргардонидашударо ба роҳи дуруст ҳидоят намояд

Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ вазири навтаъйиншудаи маорифи Тоҷикистон гуфт, даъвои хешовандони кӯдаконе, ки аз Ироқу Сурия баргардонида шудаанд аз рӯи на инсоф асту, на адолат
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири нави маорифи Тоҷикистон, гуфт давлат бо заҳмат кӯдаконро аз Ироқу Сурия ба Тоҷикистон овард ва ба ҷову макон ва хурду хӯрок таъмин карду ба таҳсил фаро гирифт ва имрӯз онҳо ба ёди хешу таборашон расиданд.

Дафтари Омбудсмен дар бораи вазъи кӯдаконе, ки аз Ироқ оварда шудаанд

Вай дар посух ба суоли рӯзнаманигорон, ки хешовандон ва наздикони аз надидани кӯдакон баргардонидашуда нигарон ҳастанд, аз хабарнигорон суол кард, ки чаро то имрӯз ин кӯдакон ба ёди онҳо намерасиданду, намегуфтанд, ки фарзандонашон дар куҷо мегарданд?

“Хешу табори ин фарзандон як бор фикр накарданд, ки фарзанди ман дар рӯи оташ мегардад. Ӯ дар рӯи тӯфон меравад. Борон асту, оби сел аст. Дар он оби сел писарашро мебарад. Чаро мо андеша намекунем?”,  - қайд кард вазир.

Вай афзуд, имрӯзҳо ки мақомот бо мушкилоти зиёд кӯдаконро ба кишвар баргардонд ва ба таҳсилу ҷову макон таъмин кард, хешовандону наздикон боз имрӯз аз мақомот даъво мекунанд, ки на аз рӯи инсоф асту на аз рӯи адолату имон.

Вай таъкид дошт, ки мақомоти Тоҷикистон имрӯз танҳо як мақсад дорад, ин кӯдаконро ба роҳи дуруст ҳидоят кунад, дониш диҳаду, вазъи саломатиашонро хуб намояд.

“Мақсади мо ҳамин аст, ки дар оянда ин кӯдакон дар ҷомеъа соҳиби кор мақому мартаба шаванд то барои худашон ва хешовандони беинсофашон хизмат кунанд”, - гуфт Муҳаммадюсуф Имомзода. 

Дар ҳамин ҳол, Латофат Назирӣ, маовини вазири маорифи Тоҷикистон, гуфт 31 нафар кӯдакони аз Ироқ баргардонидашуда бар души вазорати маориф вогузор карда шудааст ва онҳо дар синфҳои аз 1 то 9 таҳсил мекунанд.

Латофат Назирӣ: кӯдаконе, ки аз Ироқу Сурия баргаштанд, ба таҳсил фаро гирифта шуданд

Вай таъкид дошт, ки кӯдакон баргардонидашуда дар ҳоли ҳозир, дар мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ ҷойгир карда шуданд ва тамоми шароит барои будубош зиндагӣ ва кафолатҳои конститутсионии онҳо пурра таъмин шудааст.

Муовини вазир ҳамчунин қайд кард, ки даъвои хешовандону наздикони  кӯдакон, ки мегуянд онҳо аз дидору мулоқот бо онҳо маҳрум ҳастанд, қабул надорад.

Вай гуфт, дар мактаб-интернатҳое, ки кӯдакон дар онҷо ҷойгир карда шудаанд барои онҳо рӯзҳои мулоқоту дидор ташкил карда шуда буд.

“Даъвои хешовандон, ки онҳо аз дидори кӯдакон маҳрум ҳастанд, инро мо воқеъӣ ҳисоб намекунем. Айни замон наздикону хешовандон метавонанд ба мактаб-интернати кӯдакони ятими ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, мактаб-интернати кӯдакони ятими ноҳияи Ёвон ва мактаб-интернати кӯдакон дар шаҳри Душанбе бе восита муроҷиат намоянд, ва роҳбарияти ин мактаб-интернатҳо бо онҳо мулоқоту дидорро ташкил мекунанд. Ҳеҷ кас дидани онҳоро манъ накардаст”, - гуфт Латофат Назирӣ.

Аммо вай қайд кард, ки як замоне воқеъан Вазорати маориф ба муддати муайян кӯдаконро дар як ҳолати маҳдуд нигоҳ дошта буд.

Зуҳуров: беш аз 300 шаҳрванди гумроҳу фирефташудаи Тоҷикистон ба Ватан баргаштанд
Вазири тоҷик ба кӯдакони "ироқӣ" дар Варзоб таомҳои лазиз дод

Вай афзуд, ин кор танҳо ба хотири он сурат гирифт, ки кӯдакон аз муҳити ҷангӣ ба мӯҳити солиму, оромӣ мутобиқ шаванд.

Латофат Назирӣ инчунин қайд кард, ки кӯдакони овардашуда бар дӯши се вазорат вогузор карда шудаанд. Аз ҷумла кӯдакони хурдсол бар дӯши вазорати тандурустӣ, онҳое, ки хонандаи мактабӣ ҳастанд бар дӯши  вазорати маориф ва онҳо, ки сину солашон аз 18 болост дар назди вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ вобаста шудаанд.