Ду духтару як писар: Нозия дар бораи оила, "дуздӣ"-и Сито ва шӯҳраташ дар Ҳиндустон

Нозияи Кароматулло, ҳунарманди номӣ нахустин бор сабаби танаффусашро дар ҳунарнамоӣ тавзеҳ дода, дар бораи фарзандонаш гуфтааст
Sputnik

Нозияи Кароматулло, ҳунарманди маъруфи тоҷик дар барномаи "Ҳунар"-и Телевизиони Душанбе сӯҳбати густурдае анҷом додааст. Овозхон дар барнома тавзеҳ додааст, ки чаро муддате аз саҳна дур буд.

"Муддате аз саҳна канор будам, зеро ба корҳои шахсиам машғул будам: ба тарбияи фарзандонам банд будам ва хостам каме бо онҳо вақти худро гузаронам. Дар ин баробар хостам дар эҷотиётам низ нигоҳамро нав кунам", - гуфтааст вай.
Нозия ва Муҳаммадрофеъ дар хумори падар ҳастанд: 58 - умин солрӯзи Кароматуллои Қурбон

Ҳамчунин нахустин бор дар бораи фарзандонаш гуфтаву хабар додааст, ки соҳиби се фарзанд аст.

"Ман соҳиби се фарзанд ҳастам, ду духтарчаи нозанин ва як писари меҳрубон", - тавзеҳ додааст Нозия.

"Як ҳунарманди машҳури афғон Сито Қосимӣ як суруди шуморо иҷро карда буд ва мутаассифона дар ҷое ҳам қайд накард, ки моли шумост. Шумо шунидед?", - мепурсад муҷрии барнома аз овозхон.

"Сурдҳои маро чунон бисёр хондаанд, ки ман эътибор ҳам надодаам. Вале фикр мекунам, ки мухлисони ман медонанд, ки ин оҳанг моли ман аст ва ман аз ин чиз озурда намешавам", - гуфтааст дар посух овозхон.

Нозия дар рафти сӯҳбат аз шуҳраташ дар Ҳиндустон низ гуфтааст ва қайд кардааст, ки чӣ дар кӯчаву пасткӯчаҳои кишвар, чӣ дар фурудгоҳ ӯро мешиносанд.

Сӯҳбати пурраи ҳунармандро аз навори боло тамошо кунед.