“Мисриҳо?”: боздошти ду хориҷӣ бо иттиҳоми узвият дар "Ихвон-ул-муслимин"

Прокуратураи генералии Тоҷикистон аз боздошти ду шаҳрванди хориҷӣ бо иттиҳоми узвият дар “Ихвон-ул-муслимин” иттилоъ дод. Иттилоъи “Sputnik Тоҷикистон” дар бораи тобеияти онҳо таъйиди расмӣ нагирифтааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Прокуратураи генералии Тоҷикистон аз боздошти ду шаҳрванди хориҷӣ бо иттиҳоми узвият дар “Ихвон-ул-муслимин” иттилоъ дод. Иттилоъи “Sputnik Тоҷикистон” дар бораи тобеияти онҳо таъйиди расмӣ нагирифтааст.

Таъйид: боздошти 113 нафар бо гумони узвият дар "Бародарони мусулмон"

Юсуф Раҳмон, прокурори генералии Тоҷикистон гуфт, миёни нафароне, ки бо гумони узвият дар созмони мамнӯъи "Ихвон-ул-муслимин" ба ҳабс гирифта шудаанд, шаҳрвандони хориҷӣ низ ҳузур доранд.

Вай афзуд, ба ҷуз ин ду нафар ду хориҷии дигар низ барои узвият дар ин созмони экстремистӣ-террористӣ муайян шудааст ва барои дастгир кардани онҳо тадобири зарурӣ гирифта мешаванд.

Прокурори генералии Тоҷикистон аз ифшои тобеияти хориҷиҳои боздоштшуда дар Тоҷикистон ба ин далел, ки “сирри тафтишот” аст, худдорӣ кард. Аммо бино ба маълумоти дарёфтии Sputnik Тоҷикистон ин ду нафар шаҳрвандони Мисранд.

Қаблан Юсуф Раҳмон, ки дар нишасти матбуотии солонаи ниҳодаш сӯҳбат мекард, аз боздошти 113 нафар бо гумони узвият дар "Ихвон-ул-муслимин" ва дар шарҳи шахсияти ин боздоштшудаҳо танҳо аз як корманди мақомоти иҷроияи шаҳри Исфара, зиёда аз 20 нафар аз донишгоҳҳои олӣ ва ҳам намояндагони дигар мақомоти ҳукуматӣ сӯҳбат кард.

Ду хориҷие, ки мавсуф зикр кард, низ то ҷое ба киву чӣ будани афроди боздоштшуда равшанӣ меандозанд ва тозатарин тафсилот дар ин қазия ба шумор меоянд, ки то ба ҳол дар расонаҳои дохилу хориҷи Тоҷикистон бозтоби густарда дорад.

Ба наздикӣ: “Абу Довуд” ва “Абу Усома Норакӣ” ба Тоҷикистон истирдод мешаванд

Аз сӯи дигар, ҳузури хориҷиҳо, бахусус, дар ҳоли таъйид шудани аҳли Миср будани онҳо, ки дар кишвари худ низ ба далели террористӣ эълон шудани созмон таҳти пайгарди қонун қарор доранд, доманаи ин қазияро фаротар мекунад ва вижагии хосе бар он меафзояд. 

“Ихвон-ул-муслимин” ҳанӯз соли 2006 аз сӯи Суди олии Тоҷикистон ба рӯйхати созмонҳои мамнуъи экстремистӣ-террористӣ ворид карда шудааст.

Юсуф Раҳмон мегӯяд, вақте созмони мазкур дар Тоҷикистон расман террористӣ-экстремистӣ эълон шудааст, бадоҳатан ҳеҷ кас ҳаққи узвияти онро надорад, дар акси ҳол тибқи Қонуни ҷиноӣ ба ҷавобгарӣ кашида хоҳад шуд.

“Қариб дар ҳамаи давлатҳое, ки ин созмон фаъолият мекунад, экстремистӣ-террористӣ эътироф ва фаъолияташ манъ карда шудааст. Дар Тоҷикистон низ шахс барои узвият дар ин созмон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад”, - таъкид кард прокурори генералии Тоҷикистон.