Гузаргоҳе, ки Тоҷикистонро бо Чин мепайваст, баста шуд

Мақомоти Чин дар гузаргоҳи "Кулма" роҳи мошингардеро, ки Тоҷикистонро бо Чин мепайваст, масдуд кардаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Роҳи мошингарди байни Тоҷикистону Чин баъди бастани гузаргоҳи "Кулма" масдуд шуд, гузориш медиҳад ТоҷикТА.

Бино бар иттилои манбаъ, гузаргоҳ аз ҷониби Чин баста шудааст.

"Роҳи нақлиётиро кишвар бо далели таҷлили соли нав  масдуд кардааст", - омадааст дар иттилои расона.

Ёдрас мешавем, 23 январ парвозҳо байни Тоҷикистону Чин низ қатъ шуда буданд. Далели лағви парвозҳо ҳам таҷлили соли нав дар Чин гуфта мешуд. 

Наздиктарин хатсайр аз Душанбе ба Урумчӣ 4 феврал анҷом дода мешавад. Парвозе, ки бояд 23 январ ба Урумчи сурат мегирифт, бо далели набудани мусофир лағв шудааст.

Сафорати Тоҷикистон дар Чин: дар маркази пайдоиш коронавирус 48 шаҳрванди ҷумҳурӣ ҳаст

Ширкати чинии "South China Airlines" низ парвозҳоро аз Чин ба Тоҷикистон то 5 феврал қатъ кардааст.

Дар ҳамин ҳол, масъулини вазорати тандурустӣ мегӯянд, ки мусофирони ҳар парвозеро, ки ба Тоҷикистон ворид мешаванд, аз ташхис мегузаронанд.

Бино бар омори расмӣ, дар Чин бештар аз 2000 нафар ба вируси "тоҷдор" олуда  шуда, даҳҳо нафар ҳалок гаштаанд ва 177 тан дар шӯъбаҳои эҳё дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Нахустин мубталоёни ин вируси навро дар шаҳри Ухани Чин пайдо карданд. Охирҳои моҳи декабр пизишкони шаҳри мазкур аз зуҳури бемории илтиҳоби шуши шубҳанок хабар доданд, ки пештар ба қайд гирифта нашуда буд. Дертар маълум гардид, ки манбаи бемории мазкур вируси нави навъи 2019-nCoV будааст, ки сирояткунанда мебошад.

Вирус зуд берун аз шаҳр ва кишвар паҳн гардид. Феълан гирифторони короноврус дар Таиланд, Кореяи Ҷанубӣ, Сингапур, ИМА, Ҷопон ва Ветнам ба қайд гирифта шудаанд.

Маълум шуд, чанд шаҳрванди Тоҷикистон дар Вухани Чин қарор доранд

Як бемори дигарро дар Австралия бо шубҳаи вируси тоҷдор бистарӣ карданд. Дар Русия ва Белорус низ чанд нафарро ба вируси тоҷдор шабҳа карданд, аммо тасдиқ нашуд.

Кишварҳои зиёде дар фурудгоҳҳо ташхисҳои иловагӣ ҷорӣ мекунанд. Ҳоло, дар Чин шаҳри Ухан ва Хуанганро бастаанд. Даромад ва баромад ба ин шаҳрҳо маҳдуд шудааст, нақлиёти ҷамъитӣ ва чанд иншоот дар шаҳр муваққатан аз фаъолият бозмондааст.

Шаҳрҳои калони Чин таҳти назорати шадид қарор доранд.

То ҳол пизишкон роҳҳои пешгирӣ ва ваксинаеро аз короновирус наёфтаанд. Нишонаҳои бемориро таби баланд, сулфа ва нафасгирии мушкил гуфтаанд.