Тафсилоти нав: “Талко” “модар” - и чанд “духтар” мешавад?

Ширкати алюминуми тоҷик ё “Талко” далоили ба ширкати саҳомӣ табдил ёфтанашро шарҳ дода, гуфтааст, ки як идда корхонаҳояш ба “ашхоси ҳуқуқӣ”, ё ба таъбири дигар, ширкатҳои фаръӣ табдил хоҳанд шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Тибқи қарори ҳукумати Тоҷикистон (аз 31 июли соли 2019) аз 1 ноябри соли 2019 Ширкати алюминиуми тоҷик аз корхонаи воҳиди давлатӣ ба ширкати саҳомии озод табдил ёфт, ки 100 дарсад саҳми он мутааллиқи ҳукумати Тоҷикистон аст. Аммо бо ин таҳаввулот дар “Талко” тамом намешавад.

Шарҳи "Талко" дар бораи шартномаи 545- миллиона бо Чин ва ташкили корхонаи нав

Бино ба иттилоияи ширкат, ки дастраси Sputnik Тоҷикистон шудааст, тибқи ин қарор, ширкати зертобеъи “Талко” - “Алюминсохтмон” низ ба ширкати саҳомии озод табдил мешавад, аммо 100% саҳмияҳои он мутааллиқ ба “Талко” хоҳад буд. “Маркази савдои “Металлург”, маҷмӯаи меҳмонхонаҳои ”Ширканд”, хонаи истироҳати “Куран” ва дигар иншооти тобеъи ширкат ба шахсони ҳуқуқӣ табдил мешаванд, аммо саҳми «Талко» дар онҳо 100% пешбинӣ шудааст”, - омадааст дар иттилоия.

Ин таҳаввулот ба тағйироти ахири Қонун “Дар бораи хусусигардонии давлатӣ”, ки аз сӯи палатаҳои боливу поёнии Маҷлиси Олии Тоҷикистон пазируфта шуданд, равшанӣ меандозад.

Бино ба ин тағйирот, Ширкати алюминиуми тоҷик ва неругоҳи барқи обии Роғун, ки қаблан моликияти истисноии давлат маҳсуб мешуданд, аз моддаи 6 – и ин қонун хориҷ карда шуданд. Ҳоло “Талко” дар иттилоияаш ба далоили зарурати табдил шуданаш ба ширкати саҳомии озод пардохта, гуфтааст, ки табдили он ба як ширкати саҳомӣ паёмади воқеии вазъи ҳоким дар ширкат аст, ки дар пайи рискҳои рӯз ба рӯз афзоянда дар бозори ҷаҳонии алюминиум пеш омадааст.

 “Вақте «Талко» як корхонаи воҳиди давлатӣ буд, дар ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба мушкилоти ҷиддӣ мувоҷеҳ шуд, зеро корхонаҳои воҳид як навъи хоси ашхоси ҳуқуқӣ ҳастанд, ки дар қонунгузории кишварҳои хориҷӣ ёфт намешавад. Ин қабил ширкатҳоро маъмулан "навъи интиқолӣ" – и ширкатҳо ба шакли дигари фаъолият мешиносанд.

Баёнияи расмӣ: Чин соҳиби "Талко" намешавад

Фармони Раҳмон барои ҷаласаи ғайринавбатӣ: баҳси таъиноти додситони кулл ва Роғуну Талко

Дар ин чорчӯб ширкати саҳомӣ ба сармоягузорони билқувваи хориҷӣ шакли қобили дарки мудирияти ҳуқуқӣ ва иқтисодии тиҷорат дониста мешавад. Бинобарин, табдили Ширкати алюминиуми тоҷик ба як ширкати саҳомӣ, аз назари ҷалби сармояи хориҷӣ барои рушди худ, имкониятҳои густурдатареро фароҳам мекунад”, - омадааст дар иттилоияи “Талко”.

Ширкатҳои саҳомӣ дар ин санад шакли аслии ташкили корхонаҳо ва муассисаҳои бузурги модерн дар саросари ҷаҳон унвон шудаанд, ки “комилтарин механизми қонунии сомондиҳии иқтисодҳояшон, масалан, аз тариқи дастрасӣ ба бозори сармоя ва воситаҳои молӣ, ҷалби маболиғ, муттаҳид кардани сармояҳо, ки ҳеҷ маҳдудите надорад, суботи идорӣ ва молӣ, мудирияти ҳирфаӣ, имкони бозпрдохт аз тариқ фурӯш ё бозгашти саҳмияҳо, дарёфти навъҳои мухталифи фоида, ҳимояти қонунии қавитар ва ғайра мебошанд”.

Ҳамин тавр, “Талко”, ба истилоҳи маъмул дар адабиёти иқтисодӣ, “модар” – и чанд “духтар” – и дигар мешавад. Ширкати, ба истилоҳ, “модар” ширкати асосӣ буда, беш аз нисфи сармоя (ё бастаи назоратии саҳмияҳо) – и як ва якчанд ширкати, ба истилоҳ, “духтар” ё фаръӣ (тобеъа) - ро дар ихтиёр дорад. Дар навбати худ, ширкати фаръӣ шахси ҳуқуқии алоҳида бо бастаи комили ҳуқуқ ва вазифаҳост. Истифодаи истилоҳоти “модар” ва “духтар” дар чунин маворид бештар дар забони русӣ ба чашм мехӯрад.

Раҳимзода: “Талко” ва “Роғун” моликияти миллӣ боқӣ мемонанд

Дар ҳамин ҳол, Ширкат алюминиуми тоҷик бар ин таъкид мекунад, ки аз аҳамияти муҳимтарини стратегӣ барои иқтисоди Тоҷикистон бархӯрдор аст ва моликияти истисноии давлат мебошад, тавре зикр шуд, 100% - и саҳмияҳои он ба ҳукумати Тоҷикистон тааллуқ дорад.

“Танзими қонунӣ ва натиҷадиҳии фаъолияти Ширкат алюминиуми тоҷик аз ҳисоби ширкати давлат дар мудирият, моликият, истифода ва танзими саҳмияҳо, ҳамчунин назорат бар истифодаи муассири дороии ширкати саҳомӣ ҳосил мешавад. Ин ба он маъност, ки ҳар гуна иқдоми анҷомшуда бо саҳмияҳои “Талко” дар чорчӯби қонуни феълии кишвар ва бо таваҷҷуҳ ба шароити шаффофияти муомилоти тиҷорӣ анҷом хоҳад шуд”, - омадааст дар иттилоияи “Талко”.