ДУШАНБЕ, 27 янв – Sputnik. Маоши миёна дар Тоҷикистон тайи моҳҳои январ – декабри соли 2019 ба 1 ҳазору 357 сомонӣ баробар шудааст, хабар дод Ожонси омори Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, маоши миёна дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2018 ба андозаи 2,4 фоиз афзоиш ёфтааст.
Маоши пасттаринро соли гузашта кормандони бахши хоҷагии қишлоқ, ҷангал ва моҳидорӣ гирифтаанд, ки муодили 594 сомонӣ будааст. Музди баландтаринро кормандони бахши молия – бонкҳою ширкатҳои суғуртавӣ гирифтаанд, ки 3 ҳазору 423 сомониро ташкил додаст.
Афроде, ки дар бахши истихроҷ ва сохтмон кор кардаанд, ба ҳисоби миёна 2,6 ҳазор сомонӣ музди меҳнат доштаанд. Барои кормандони бахши энергетика ва таъминоти об 1,9 ҳазор сомонӣ маош пардохт шудааст.
Маоши ҳадди ақал дар Тоҷикистон ҳамоно 400 сомониро ташкил медиҳад.