Натиҷаи зӯрозмоии паҳлавонҳои тоҷик дар Гран Прии Тел Авив

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо – Гран Прии Тел Авив, ки 23-25 январ баргузор шуд, аз медалҳо бенасиб монданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Натиҷаи беҳтарро миёни 7 ҷудочии кишвар Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни -73 кило нишон дод, хабар дод Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Варзишгарони қаҳрамон бидуни супоридани имтиҳон донишҷӯ мешаванд

Ба иттилои манбаъ, Хоҷазода дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар варзишгари Русия Евгений Прокопчук, дар даври сеюм бар варзишгари Қазоқистон Жансай Смагулов дастболо шуд, вале дар чорякфинал аз намояндаи Словения Мартин Ҳойак, ки медали биринҷӣ ба даст овард ва дар қувваозмоии тасаллобахш аз варзишгари Швейтсария Нилс Стамп, ки низ соҳиби ҷои сеюм гашт, мағлуб шуд ва ҷои ҳафтумро ишғол кард.

Дар вазни -73 кило варзишгари дигар Сомон Маҳмадбеков, ки дар даври аввал озод буд, пас аз пирӯзӣ бар Александру Райсуи руминиягӣ, дар даври сеюм аз намояндаи Итолиё, Ҷованнӣ Эспосито шикаст хӯрд.

Падари Ҳабиб муҳорибаи Конор ва Серронеро сохтакорӣ хонд

Акмал Муродов низ дар вазни -81кило дар даври аввал бар варзишгари Эстония Кристиан Тонисте пирӯз, аммо дар даври дуюм аз намояндаи Руссия Турпал Тепкаев мағлуб гардид. Давлаталӣ Назаралиев (-60кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг), Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов (+100кг) дар даври аввал қувваозмоиро бохтанд. 

Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқа 548 варзишгар, аз ҷумла 315 марду 233 зан аз 83 давлат иштирок карданд.

Мусобиқаи навбатӣ аз силсилаи сабқатҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо Гранд Слами Париж мебошад, ки 8-9 феврал баргузор мешавад. Дастаи мунтахаби ҷудои кишвар дар ҳайати 6 нафар – Хоҷазода Беҳрӯз, Сомон Маҳмадбеков (-73кг), Акмал Муродов (-81кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг), Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов (+100кг) барои иштирок дар мусобиқаи навбатӣ номнавис шудаанд.