Фармон, амр ва қарорҳои тозатарини Эмомалӣ Раҳмон

Бо амру фармони раисиҷумҳур ва қарорҳои тозатарини Ҳукумати Тоҷикистон, ки президент, Эмомалӣ Раҳмон имзо кардааст, метавонед дар бахши вижаи Sputnik Тоҷикистон шинос шавед.

Қарори Ҳукумат: мансабдорони мошинсавор бештар мешаванд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори Ҳукумат теъдоди мошинҳои хидматӣ барои мансабдорони давлатиро бештар кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Лимити мошинҳои хидматии мансабдорони тоҷик, ки 2007 ададро ташкил медод, бо қарори ҷадиди Ҳукумат 2079 адад муқаррар шудааст.

Президент мухолиф буду ахиран розӣ шуд: қарори Ҳукумат дар бораи кормандони андоз

Бар асоси қарор, ба ин шумора теъдоди мошинҳои хидматии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия,  мақомоти додгоҳию додситонӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллӣ шомил буда, мошинҳои махсус дар ин омор дохил намешаванд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан аз гаронии мошинҳои хидматии мақомдорони давлатӣ ва сӯиистифодаи онҳо бо мақсадҳои шахсӣ интиқодҳо дар сатҳҳои гуногун садо медоданд. Дар пайи интиқодҳо, раисиҷумҳур барои ҷилавгирии сӯиистифодаи мошинҳои хидматӣ бо мақсадҳои шахсӣ дастури махсус содир карда, мақомоти умури дохилӣ низ аз чандин ҳолатҳои сӯиистифодаи воситаҳои нақлиёти хидматӣ гузориш дода буданд.

Қадбаланд, даванда, забондон зери камера: қабул ба кор дар гумрук баъди интиқоди Раҳмон

Дар маҷмуъ тибқи омори расмӣ теъдоди хизматчиёни давлатӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 20 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин наздики 5 ҳазор нафарро занон ташкил медиҳанд.